Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё рӯзааш бо сабаби дашному ҳақорат фосид мешавад?

Савол

Дар моҳи Рамазон, агар инсон аз чизе ғазаб кунад ва дар ҳоли ғазаб, касеро биранҷонад ва ё дашном бидиҳад, рӯзааш фосид мешавад ва ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ин амал рӯзаи ӯро ботил намесозад, вале савоби онро кам менамояд. Мусулмон бояд худро идора кунад ва забонашро дар ҳоли рӯза ва ғайри рӯза аз дашному ҳақорат, ғайбату суханчинӣ ва чизҳои дигаре, ки Аллоҳ ҳаром кардааст, нигаҳ дорад. Дар ҳоли рӯза ба хотири комил шудани рӯзааш ба ин чиз бештар аҳамият бидиҳад ва аз ҳар чизе, ки мардумро азият медиҳад ва ё сабаби фитнаву хусумат ва тафриқа мешавад, парҳез кунад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар гоҳ яке аз шумо рӯзадор бошад, набояд дар он рӯз носазогӯӣ кунад ва доду фарёд занад. Ва агар касе ӯро дашном диҳад ва ё бо ӯ даргир шавад, бояд бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам».   Муттафақун алайҳ. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто (10/332,333).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб