Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ сездаҳ сола шуд, аммо дар Рамазон рӯза намегирад

Савол

Ҷавондухтаре ба синни дувоздаҳ ё сездаҳ солагӣ расид, аммо дар Рамазон рӯза намегирад. Оё бар ӯ ё хонаводааш чизе лозим аст? Оё ӯ бояд рӯза бигирад ва агар ӯ рӯза нагирад, пас оё бар ӯ чизе лозим аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Зан бо шартҳои зерин мукаллаф мегардад: Ислом, ақл ва балоғат. Нишонаҳои балоғат (нисбати занон) инҳоянд: Ҳайз, баромадани нутфа бо шаҳват ва эҳтилом ҳар гоҳ нутфаеро пас аз бедор шудан (дар либоси худ) мушоҳида кунад, ё сабзидани мӯи сахт дар атрофи шармгоҳ ё ба синни понздаҳ солагӣ расидан. Агар дар ин ҷавондухтар шартҳои мукаллаф шудан комил гарданд, пас рӯза бар ӯ воҷиб аст ва бар ӯ қазои рӯзае, ки дар вақти мукаллаф будан тарк кардааст, воҷиб мебошад. Агар шарте аз шартҳо халалдор гардад, пас ӯ мукаллаф ҳисобида намешавад ва бар ӯ чизе лозим намебошад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдураззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (10/146,147).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб