Якшанбе 24 Зулҳиҷҷа 1445 - 30 Июн 2024
Тоҷикӣ

Оё барои муҳрим ҷоиз аст, ки ғусл кунад ва либоси эҳромро иваз кунад?

Савол

Оё барои муҳрим (касе, ки дар эҳром аст) ҷоиз аст, ки ба хотири тозагӣ ғусл кунад? Оё ҷоиз аст, ки либоси эҳромро иваз кунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Барои муҳрим ҷоиз аст, ки ба хотири тозагӣ ғусл кунад, зеро собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳоли эҳром ғусл кардааст. Ҳамчунин барои муҳрим ҷоиз аст, ки либоси эҳромашро ба либоси тозатар ё навтар иваз кунад. Ва инчунин барои ӯ ҷоиз аст, ки аз истифодаи кондитсионер ва дигар василаҳои роҳат баҳра барад". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (22 / 144).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб