Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё барои муҳрим ҷоиз аст, ки худро бо соябон (шамсия, чатр) соя кунад?

Савол

Ҳукми истифода бурдани соябон барои муҳрим чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Бардоштани соябон дар болои сар барои ҳимояи худ аз гармии офтоб ҳеҷ боке ва ишколе надорад. Ва ин дар наҳйи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз пӯшонидани сар - яъне сари мардон - ворид нест, зеро пӯшонидан ҳисобида намешавад, балки соя кардан аз офтобу гармӣ мебошад.

Дар "Саҳиҳ"-и Муслим собит шудааст, ки Усома ибни Зайд ва Билол ҳамроҳи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) буданд. Яке аз онон маҳори шутури паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро гирифта буд ва дигаре либосеро боло карда, ӯро аз гармӣ мепӯшонид, то он даме ки ӯ ба ҷамараи Ақаба санг партофт.

Дар ривояти дигар омадааст: «Дигаре либоси худро дар болои сари расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бардошта буд, то ӯро аз гармии офтоб нигаҳ дорад».

Ин далолат мекунад, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳоли эҳром ва пеш аз хориҷ шудан аз он, худро дар зери ин либос соя кард". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (22/ 147, 148).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб