Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ барои ҳаҷ эҳром пӯшид, вале аз ворид шудан ба Макка манъ карда шуд

106591

Таърихи нашр : 19-05-2024

Мушоҳидаҳо : 884

Савол

Яке аз ҳамкоронам ба ҳаҷ рафт. Ӯ аз миқоти Мадина ба эҳром даромад ва ба сӯи Макка равон шуд, аммо дар он ҷо, дар нуқтаи посбонӣ ба ӯ фармон доданд, ки баргардад, чун иҷозатномаи ҳаҷ надошт. Пас ӯ баргашт ва либоси эҳромашро кашид. Ӯ эҳром пӯшида буд, аммо ба Макка даромада натавонист, оё барои ҳаҷҷи ӯ савобе вуҷуд дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Аввал: Агар аз эҳром берун шавад ва ҳаҷро ба итмом нарасонида баргардад, гуноҳе бар ӯ нест, зеро ӯ дар ин амри худ мағлубу маҷбур аст ва Аллоҳ ба ҳоли ӯ доност ва нисбат ба бандагонаш меҳрубон аст, бинобар ин, ба андозаи он амалҳои ҳаҷ, ки бо ихлос анҷом додааст, подош медиҳад.

Дуввум: Ҳар кас ҳангоми дохил шудан ба эҳром шарт гузошта бошад, ки агар монеъе ӯро (аз анҷоми ҳаҷ) боз дорад, хориҷ шудани ӯ аз эҳром ҳамон ҷоест, ки боз дошта шуд, пас дар ин ҳолат, ҳеҷ чизе бар ӯ воҷиб намегардад. Аммо агар (ҳангоми дохил шудан ба эҳром) чунин шарте нагузошта бошад, пас дар ин ҳолат, дар ҷое, ки боздошта шуд, ҳадйеро забҳ кунад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

فَإِنْ أُحْصِرْتُمْ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْيِ

سورة البقرة: ١٩٦

 «Ва агар (ба сабаби душман ё беморӣ ва ё дигар сабабҳо аз такмили маносики ҳаҷ) боз дошта шудед, пас он чи аз қурбонӣ муяссар (ва фароҳам) шавад, забҳ кунед (ва аз эҳром берун шавед)».   (Сураи Бақара: 196).
Сипас мӯи сарашро метарошад ё кӯтоҳ мекунад ва бадин тартиб аз эҳром берун мешавад.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, Шайх Абдурраззоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён, Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

"Фатово-л-лаҷнати-д-доима" (11/350).

Аз Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: Марде бидуни иҷозатнома ба ҳаҷ меравад, вале аз ворид шудан ба Макка манъ карда мешавад, пас дар ин ҳолат, чӣ чиз бар ӯ лозим аст?
Чунин посух дод:
Агар ҳангоми дохил шудан ба эҳром гуфта бошад:

إِنْ حَبَسنِي حابسٌ فَمَحِلِّي حَيْثُ حَبَسْتَنِي .  

 

"Ин ҳабасанӣ ҳобисун, фамаҳиллӣ ҳайсу ҳабастанӣ".
(Агар монеъе маро боз дошт, хориҷ шуданам аз эҳром ҳамон ҷоест, ки маро боз доштаӣ).
Пас дар ин ҳолат, аз эҳром берун мешавад ва ҳеҷ чизе бар ӯ воҷиб нест. Аммо агар (ҳангоми дохил шудан ба эҳром) шарт нагузошта бошад, пас бояд ҳадйеро забҳ кунад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

فَإِنْ أُحْصِرْتُمْ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْيِ

سورة البقرة: ١٩٦

 «Ва агар (ба сабаби душман ё беморӣ ва ё дигар сабабҳо аз такмили маносики ҳаҷ) боз дошта шудед, пас он чи аз қурбонӣ муяссар (ва фароҳам) шавад, забҳ кунед (ва аз эҳром берун шавед)».   (Сураи Бақара: 196).

Ва аз эҳром берун мешавад (яъне, мӯи сарашро метарошад ё кӯтоҳ мекунад) дар ҷое, ки боз дошта шуд". Поёни сухан.
"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (23/433).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб