Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Намудҳои тавоф дар гирди Каъба

Савол

Тавоф дар гирди Каъба як чанд намуд аст. Он намудҳо кадомҳоянд ва ҳукми ҳар як намуд чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Намудҳои тавоф дар гирди Каъба зиёданд, аз ҷумла:

(1). Тавофи ифоза дар ҳаҷ, ки тавофи зиёрат низ номида мешавад. Ин тавоф баъд аз вуқуф (истодан) дар Арафот, дар рӯзи иди Азҳо (Қурбон) ё баъд аз он иҷро карда мешавад. Тавофи ифоза рукне аз рукнҳои ҳаҷ аст.

(2). Тавофи қудум барои ҳаҷ. Ин барои касе, ки ба ҳаҷ эҳром бастаааст ва ё барои қорин байни ҳаҷҷу умра аст, ҳангоме ки ба Каъба мерасад. Ин тавоф бар асоси ихтилофи донишмандон, воҷибе аз воҷибҳои ҳаҷ ва ё суннате аз суннатҳои он аст.

(3). Тавофи умра, ки рукне аз рукнҳои умра мебошад. Умра бе он дуруст нест.

(4). Тавофи видоъ, ки баъд аз ба охир расидани амалҳои ҳаҷ ва қасди хуруҷ аз Маккаи Мукаррама анҷом дода мешавад. Бар асоси саҳеҳтарин дидгоҳи донишмандон тавофи видоъ бар ҳар ҳоҷӣ воҷиб аст, ҷуз зани ҳайздида ва нифосдида. Касе онро тарк кунад, бар ӯ воҷиб аст забиҳае, ки барои қурбонӣ мӯътабар аст, забҳ намояд.

(5). Тавофи вафо ба назр, касе ки тавофро назр карда бошад. Он ба сабаби назр воҷиб мебошад.

(6). Тавофи нофила.

Тамоми ин тавофҳо ҳафт давр мебошанд. Пас аз он, агар барои тавофкунанда муяссар шавад, дар қафои мақоми Иброҳим ду ракъат намоз мехонад, агар муяссар нашавад, дар дигар ҷойҳои масҷид намоз мехонад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (11/223,224).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб