Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ намедонист, ки кор кардан дар бонк ҳаром аст

106610

Таърихи нашр : 20-09-2023

Мушоҳидаҳо : 1245

Савол

Ман намедонистам, ки кор кардан дар бонк ҳаром аст. Ман ба сӯи Аллоҳ таъоло (аз ин гуноҳ) тавба кардам ва ин корро тарк намудам. Ҳукми он молҳое, ки аз кор дар бонк ба даст овардаам, чист? Оё ин моли ҳаром аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Модоме ки намедонистӣ, ки ин кор ҳаром аст ва пас аз ҳаром будани ин корро донистан, дарҳол ин корро тарк кардӣ, лозим нест, ки аз он молҳо халос шавӣ (ва онро хориҷ намоӣ) ва ҳеҷ боке нест, ки онро истифода барӣ, зеро Аллоҳ таъоло пас аз баён намудани ҳаром будани рибо мефармояд:

فَمَنْ جَاءَهُ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّهِ فَانْتَهَى فَلَهُ مَا سَلَفَ 

سورة البقرة: ٢٧٥

«Ҳар кас, ки панде аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ расид ва аз рибохӯрӣ бозистод, пас он чӣ дар гузашта ба даст овардааст, аз они ӯ мебошад».   (Сураи Бақара: 275).

Шайх Ибни Усаймин гуфтааст: "Яке аз фоидаҳои ин оят ин аст, ки ҳар он моле, ки инсон пеш аз ҳаром будани риборо донистан аз ин роҳ ба даст овардааст, барояш ҳалол аст, ба шарте, ки (аз ин кор) тавба кунад ва (аз ин кор) даст бикашад". Поёни сухан.

"Тафсири сураи Бақара" (3/377).

Донишмандони кумитаи доимӣ оид ба фатводиҳӣ гуфтаанд: "Дар мавриди муддате, ки дар бонк кор кардӣ, умедворем, ки Аллоҳ гуноҳи онро аз ту мебахшад. Дар мавриди пуле, ки дар ин муддати гузашта ба сабаби кор дар бонк ба даст овардаӣ, гуноҳе бар ту нест, зеро ту ҳукми онро намедонистӣ".

Шайх Абдулазиз ибни Боз, Шайх Абдурраззоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён, Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

 "Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (15 / 46).

Ҳамчунин гуфтаанд:

"Агар воқеият ҳамон тавре бошад, ки (дар савол) зикр кардӣ, яъне пас аз он ки ба ту гуфтанд, ки дар бонк кор кардан ҷоиз нест, ин корро тарк кардӣ, он пулҳое, ки аз бонк дар муқобили кор кардан дар он ҷо дар он моҳҳо дарёфт кардаӣ, ҳеҷ боке надорад ва садақа кардани он лозим нест, тавба кардан аз он кор кифоя аст, Аллоҳ таъоло мову шуморо бубахшад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَأَحَلَّ اللهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا فَمَنْ جَاءَهُ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّهِ فَانْتَهَى فَلَهُ مَا سَلَفَ وَأَمْرُهُ إِلَى اللهِ

سورة البقرة: ٢٧٥

«Аллоҳ хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст. Ҳар кас, ки панде аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ расид ва аз рибохӯрӣ бозистод, пас он чӣ дар гузашта ба даст овардааст, аз они ӯ мебошад ва кори ӯ ба Аллоҳ вогузор мешавад».   (Сураи Бақара: 275).

Шайх Абдулазиз ибни Боз, Шайх Абдурраззоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён, Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

 "Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (15 / 50, 51).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб