Ин амал ҷоиз нест, зеро Аллоҳ таъоло аз он наҳй намуда, мефармояд:
وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ
سورة المائدة: ٢
«Ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед». (Сураи Моида: 2).
Бешак, таҳияи чунин барномаҳо аз ҷониби шумо ба фаъолияти бонк дар самти анҷом додани муомилоти рибавӣ мусоидат намуда, ба он имкон медиҳад, ки дар ин амали ҳаром аз барномаҳои таҳиякардаи шумо истифода барад.
Аллоҳ таъоло мову шуморо ба анҷом додани амалҳое, ки боиси хушнудии Ӯ мегарданд, муваффақ созад ва миёни мо ва ҳар он чизе, ки сабаби ғазаби Ӯ мешавад, фосила андозад.
Дуруди Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад бод.