Оё беҳиҷобӣ рӯзаро ботил мекунад?

Савол 107624

Ман духтари беҳиҷоб ҳастам. Оё ин амал рӯзаи маро дар моҳи Рамазон ботил мегардонад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Аввал:

Зани мӯъмин ба риояи ҳиҷоб амр шудааст. Пештар дар ин сомона масъалаи ҳиҷоб дар чандин посух мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Он посухҳо ба шаклҳои гуногун баён шудаанд: бархе дар баёни ҳукми ҳиҷоб ва воҷиб будани он ихтисос ёфтаанд, чунонки дар ҷавоби саволи рақами (21536) омадааст; бархеи дигар далелҳои шаръии воҷиб будани ҳиҷобро зикр намудаанд, мисли ҷавобҳои саволҳои рақамҳои (13998) ва (11774); инчунин бархе ба баёни сифати ҳиҷоби шаръӣ пардохтаанд, чунонки дар ҷавоби саволи рақами (6991) омадааст.

Ин ва дигар ҷавобҳо ҳамагӣ бар аҳаммияти ҳиҷоб дар зиндагии зани мӯъмин далолат мекунанд.

Дувум:

Агар зан ҳиҷобро риоя накунад, бо ин амал нисбат ба Парвардигораш нофармонӣ кардааст, аммо рӯзааш дуруст аст, зеро гуноҳон, аз ҷумла беҳиҷобӣ, рӯзаро ботил намекунанд, аммо савоби онро кам менамоянд ва метавонанд аҷру савоби онро пурра аз байн бибаранд.
Мо шуморо даъват мекунем, ки ҳиҷобро якҷо бо рӯза риоя кунед. Зеро мақсади рӯза танҳо худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан нест, балки мақсад аз рӯза, рӯза аз тамоми амалҳои ҳаром мебошад.

Аз ҳамин хотир паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Рӯза аз хӯрдану нӯшидан нест, балки рӯза аз лағв ва рафас аст».   Ин ҳадисро Ҳоким ривоят кардааст ва Албонӣ дар китоби "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (5376) онро саҳеҳ шуморидааст.

"Лағв" — суханони бардурӯғ ва бефоида.
"Рафас" — суханони бад ва зишт.

Бигузоред, рӯзаи шумо сабаб шавад барои тоати Аллоҳ ва дурӣ аз ҳар он чизе, ки Ӯ манъ кардааст.

Мо аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки шуморо ба сӯи он чӣ ки дӯст медорад ва боиси хушнудии Ӯст, муваффақ намояд.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Масъалаҳо оиди рӯза
Муфсидот ва шиканандаҳои рӯза

Сарчашма

Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

answer

Мавзӯҳои алоқаманд

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android