Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Аҳли суннат ва ҷамоат кистанд?

10777

Таърихи нашр : 24-12-2024

Мушоҳидаҳо : 108

Савол

Аҳли суннат ва ҷамоат кистанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аҳли суннат ва ҷамоат касоне ҳастанд, ки ба суннат чанг зада, бар он ҷамъ шудаанд ва ба ғайри он рӯй наовардаанд, на дар ақида ва на дар умури ҳукмӣ. Барои ҳамин аҳли суннат номида шудаанд, чунки ба суннат чанг задаанд. Аҳли ҷамоат номида шудаанд, чунки бар он ҷамъ шудаанд.

Агар ба аҳволи аҳли бидъат назар намоӣ, мебинӣ ки дар манҳаҷи ақида ё амал дар байни худ ихтилоф доранд. Ин ба он далолат мекунад, ки ба андозаи бидъате, ки эҷод кардаанд, аз суннат дуранд.

Сарчашма: "Маҷмуъу фатово ва расоил"-и Ҷаноби Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин, ҷилди 1, саҳ 37