Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ғазаб намуда, дин ва осмони қаламу варақро дашном дод

1079

Таърихи нашр : 07-05-2022

Мушоҳидаҳо : 1830

Савол

Марде дар варақ менавишт ва ҳангоми навиштан дар баъзе калимаҳо хато карда, хеле асабонӣ мешавад ва аз шиддати ғазаб, дин ва осмони қаламу варақро дашном медиҳад. Оё дашном додани дини қалам, варақ, санг, дарахт, курсӣ, ҷом ва ё ҳар чизи дигаре куфр ҳисобида мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бешак ин гуна дашном харом аст. Ҳатто агар бигӯем, ки қаламу варақ дине надоранд, ки он анҷом додани ибодатҳост, вале (ба ҳама) маълум аст, ки дин як аст ва Аллоҳ таъоло зотест, ки ин қаламҳову асбобҳоро мусаххар намуда, истифодаи онҳоро осон кардааст. Хавфи он аст, ки ин дашном ба сӯи Аллоҳ таъоло баргардад. Пас ин шахс бояд тавба ва истиғфор кунад ва дигар ба мисли ин гуноҳ барнагардад.

Сарчашма: Аз китоби "Аллуълуъу-л-макину фӣ фатово Ибни Ҷибрин" саҳ: 34