Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Дурӯғи апрел

10834

Таърихи нашр : 02-06-2022

Мушоҳидаҳо : 1647

Савол

Миёни бархе аз мардумон, дар хориҷа – кишварҳои кофирон – дурӯғи апрел интишор ёфтааст, ки дар рӯзи аввали моҳи апрели мелодӣ сурат мегирад. Баъзе аз мусулмонон дар ин кор ба онҳо тақлид мекунанд ва гумон мекунанд, ки дар ин рӯз дурӯғ гуфтан ҷоиз аст... Дидгоҳи шумо ба ин эътиқод ва ин тақлид чӣ гуна аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дурӯғ дар ҳама вақтҳо мутлақан ҷоиз нест. Тақлид намудани кофирон ва монандӣ ба онон дар ин чиз ва дигар чизҳо ҷоиз нест, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост».

Барои дарёфти маълумоти бештар ба мақолаи ДУРӮҒИ АПРЕЛ руҷӯъ карда шавад.

Сарчашма: Аз "Фатово"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон дар маҷаллаи "Ашшақоиқ" шумораи 32, дар моҳи Сафар