Сардарди шадид аз ҷумлаи бемориҳоест, ки дар моҳи Рамазон иҷозаи боз кардани рӯзаро медиҳад, бахусус он гоҳ ки худи рӯза боиси афзоиш ё шиддат гирифтани дард мегардад. Бинобар ин, барои касе, ки ба чунин ҳолат гирифтор шудааст, ҳеҷ боке нест, ки рӯзаро боз намояд, то дору тановул кунад ва бихӯраду бинӯшад, то сардард аз ӯ бартараф гардад.
Бар ӯ воҷиб аст, ки қазои рӯзҳоеро, ки боз кардааст, пас аз Рамазон анҷом бидиҳад. Зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
ومَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ
(سورة البقرة: ١٨٥).
«Ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад». (Сураи Бақара: 185).
Дар китоби "Ал-Ҷавҳарату-н-Наййира" (шарҳи "Мухтасари Қудурӣ" дар мазҳаби ҳанафӣ) (1/142) омадааст:
"Беморе, ки барояш боз кардани рӯза иҷоза дода мешавад, он касест, ки бо рӯза табаш шадидтар гардад, ё дарди чашмонаш бештар шавад, ё сардардаш афзоиш ёбад". Поёни сухан.
Аллоҳ донотар аст.