Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Роҳи расидан ба хотимаи нек

Савол

Оё ягон нишонае вуҷуд дорад, ки далолат бар хотимаи нек кунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал: Хотимаи нек.

Хотимаи нек ин аст, ки банда пеш аз маргаш ба дурӣ намудан аз он чизҳое, ки Парвардигорро ба ғазаб меорад, муваффақ мешавад ва ҳамчунин ба тавба намудан аз гуноҳону маъсиятҳо ва рӯй овардан бар тоатҳову амалҳои нек муваффақ мешавад. Баъд аз он, дар ҳамин ҳолати нек вафот мекунад. Он чизе, ки далолат ба ин маъно дорад, ҳадиси саҳеҳест, ки аз Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Агар Аллоҳ ба бандааш некӣ бихоҳад, ӯро мавриди истифода қарор медиҳад». Гуфтанд: Чӣ гуна ӯро мавриди истифода қарор медиҳад? Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Ӯро пеш аз маргаш бар амали солеҳ муваффақ менамояд».   Имом Аҳмад (11625) ва Тирмизӣ (2142) ин ҳадисро ривоят кардаанд. Албонӣ ин ҳадисро дар "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (1334) саҳеҳ шуморидааст.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Агар Аллоҳ ба бандааш некӣ бихоҳад, ӯро маҳбуби мардум мегардонад». Гуфта шуд: Чӣ тавр ӯро маҳбуби мардум мегардонад? Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Аллоҳ таъоло ӯро пеш аз маргаш бар амали солеҳе муваффақ намуда, дар ин ҳолат ҷонашро мегирад».   Аҳмад (17330) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (1114) саҳеҳ донистааст.

Хотимаи нек нишонаҳое дорад, ки бархе аз онро шахси дар ҳолати вафот қарор дошта бо чашми худ мебинад ва бархе аз онро шахсони дигар мушоҳида мекунанд.

Дуввум: 

Нишонае, ки баёнгари хотимаи неки банда мебошад, ин ҳамон башоратест, ки пеш аз маргаш ба ӯ дода мешавад, ки Аллоҳ таъоло бо фазли худ аз ӯ хушнуд шуда, ӯро мавриди икром қарор медиҳад. Чуноне ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

 إِنَّ الَّذِينَ قَالُوا رَبُّنَا اللَّهُ ثُمَّ اسْتَقَامُوا تَتَنَزَّلُ عَلَيْهِمُ الْمَلَائِكَةُ أَلَّا تَخَافُوا وَلَا تَحْزَنُوا وَأَبْشِرُوا بِالْجَنَّةِ الَّتِي كُنْتُمْ تُوعَدُونَ   سورة فصلت: 30

«Ҳароина касоне, ки гуфтанд: Парвардигори мо Аллоҳ аст ва баъд аз он устувор истоданд, фариштагон бар онон нозил мешаванд (ва ба онҳо мужда медиҳанд), ки натарсед ва ғамгин набошед ва шуморо башорат бод ба биҳиште, ки (аз ҷониби паёмбарон) ба шумо ваъда дода мешуд».   (Сураи Фуссилат: 30).

Ин башоратест барои мӯъминон дар лаҳзаи ҷондиҳӣ.   (Ниг: Тафсири Ибни Саъдӣ, 1256).

Боз чизи дигаре, ки баёнгари ин маъно мебошад, ҳадисест, ки Бухорӣ (6507) ва Муслим (2683) онро аз модари мӯъминон Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе ки дидори Аллоҳро дӯст дорад, Аллоҳ низ дидори ӯро дӯст медорад. Касе, ки дидори Аллоҳро бад бинад, Аллоҳ низ дидори ӯро бад мебинад». Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Оё ин (бад дидан) бад дидани марг аст? Агар чунин аст, мо ҳамаамон маргро бад мебинем. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Чунин нест. Балки ин аст, ки вақте мӯъмин ба раҳмату ризо ва ҷаннати Аллоҳ башорат дода шавад, дидори Аллоҳро дӯст медорад. Кофир бошад, вақте ки ба азобу ғазаби Аллоҳ башорат дода шавад, дидори Аллоҳро бад мебинад ва Аллоҳ низ дидори ӯро бад мебинад».

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Маънои ҳадис он аст, ки муҳаббат (дӯст доштан) ва бадбиние, ки шаръан эътибор дорад, ин ҳамон аст, ки дар лаҳзаи ҷонканӣ, ҳангоме ки тавба қабул намешавад ва ба ҷондиҳанда ҳақиқати ҳол равшан мешавад ва барояш ба куҷо рафтанаш маълум мегардад". 

Нишонаҳои хотимаи нек зиёданд ва онҳоро донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) баъди омӯзиши далоили дар ин хусус омада гирдоварӣ намудаанд. Баъзе аз нишонаҳои хотимаи нек инҳоянд: 

1. Ҳангоми ҷон додан калимаи шаҳодатро гуфтан.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе, ки охирин суханаш "Ло илоҳа иллаллоҳ" бошад, дохили ҷаннат мешавад».   Абудовуд (3116) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу Абидовуд"  (2673) саҳеҳ донистааст.

2. Арақ намудани пешонӣ ҳангоми марг. Яъне дар лаҳзаи ҷонканӣ пешониаш арақ кунад.

Бурайда ибни Ал-Ҳусайб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят намуда гуфтааст: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: «Марги мӯъмин бо арақи пешонӣ аст».   Аҳмад (22513), Тирмизӣ (980) ва Насоӣ (1828) ин ҳадисро ривоят кардаанд. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ донистааст.

3. Дар шаб ё рӯзи ҷумъа мурдан.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар мусулмоне, ки дар рӯзи ҷумъа ё шаби ҷумъа бимирад, Аллоҳ ӯро аз фитнаи қабр нигоҳ медорад».   Аҳмад (6546) ва Тирмизӣ (1074) ин ҳадисро ривоят кардаанд. Албонӣ гуфтааст: Ин ҳадис бо маҷмӯи туруқаш ҳасан ё саҳеҳ аст.

4. Дар ҳоли ҷанг дар роҳи Аллоҳ вафот кардан.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتًا بَلْ أَحْيَاءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ (169) فَرِحِينَ بِمَا آتَاهُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ وَيَسْتَبْشِرُونَ بِالَّذِينَ لَمْ يَلْحَقُوا بِهِمْ مِنْ خَلْفِهِمْ أَلَّا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ (170) يَسْتَبْشِرُونَ بِنِعْمَةٍ مِنَ اللَّهِ وَفَضْلٍ وَأَنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُؤْمِنِينَ             سورة آل عمران: 169 - 171 

«Ҳаргиз касонеро, ки дар роҳи Аллоҳ кушта шудаанд, мурда машумор, балки онон зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд. Онон ба он чи Аллоҳ аз фазли худ ба онон додааст, шодмонанд ва барои касоне, ки баъд аз онон мондаанд ва ҳанӯз ба онон напайвастаанд, хушҳоланд, ки биме бар онон нест ва онон андӯҳгин намешаванд. Ва онон ба неъмати Аллоҳ ва фазли Ӯ ва ба ин ки Аллоҳ подоши мӯъминонро зоеъ намекунад, хушҳоланд».   (Сураи Оли Имрон: 169-171).

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе, ки дар роҳи Аллоҳ кушта шавад, шаҳид аст ва касе, ки дар роҳи Аллоҳ вафот кунад, шаҳид аст».   Ривояти Муслим (1915).

5. Бар асари бемории вабо вафот намудан.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Бемории вабо шаҳодати ҳар мусулмон аст».   Ривояти Бухорӣ (2830) ва Муслим (1916).

(Яъне: Ҳар мусулмоне, ки бар асари вабо мемирад, шаҳид аст).

Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ҳамсари паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Аз Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи бемории вабо пурсидам. Ба ман фармуд, ки он азобест, ки Аллоҳ ба касе ки бихоҳад, мефиристад ва Аллоҳ онро барои мӯъминон раҳмат қарор додааст. Ҳар гоҳ дар кишвари ӯ бемории вабо паҳн шавад ва ба хотири аҷру савоб сабр намуда, дар кишвари худ бимонад ва бидонад, ки ҳеҷ мусибате бидуни хости Аллоҳ ба ӯ намерасад, ба ӯ мисли савоби шаҳид савоб дода мешавад.   Ривояти Бухорӣ (3474).

6. Бар асари дарди шикам вафот намудан.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас дар асари дарди шикам бимирад, шаҳид аст».   Ривояти Муслим (1915).

7. Бар асари харобу вайрон шудани чизе ва ё ба сабаби ғарқ шудан мурдан.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Шаҳидон панҷ тоифаанд: Касе ки бар асари вабо бимирад, касе ки бар асари дарди шикам бимирад, касе ки дар об ғарқ шавад, касе ки бар асари харобу вайрон шудани чизе фавт шавад ва касе ки дар роҳи Аллоҳ шаҳид гардад».   Ривояти Бухорӣ (2829) ва Муслим (1915).

8. Фавт намудани зан дар аёми нифос бар асари таваллуд ва ё ҳомилагӣ.

Далелҳои он:

  • Ҳадисест, ки онро Абудовуд (3111) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Зане, ки бо сабаби ҷанинаш вафот мекунад, шаҳид аст».   Хаттобӣ гуфтааст: "Маънои ин ҳадис чунин аст: Зан дар даврони бордорӣ, ҳангоме ки дар шикамаш фарзанд аст, ҷони худро аз даст бидиҳад". Поёни сухан аз китоби "Авну-л-маъбуд".
  • Ҳамчунин ҳадисест, ки онро Имом Аҳмад (17341) аз Убода ибни Сомит ривоят кардааст, ки ӯ мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи шаҳидон хабар дод ва чанде аз онҳоро зикр намуда, фармуд: «Зане, ки ӯро кӯдаки дар шикамаш буда ба қатл мерасонад, шаҳид аст. (Кӯдакаш ӯро аз нофаш кашида ба ҷаннат мебарад)».   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ал-Ҷаноиз" (саҳ, 39) саҳеҳ донистааст.

9. Бар асари сӯхтор, бемории синаи паҳлӯ ва бемории сил вафот намудан.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Кушта шудан дар роҳи Аллоҳ шаҳодат (шаҳидӣ) ба шумор меравад, бемории вабо шаҳодат (шаҳидӣ) ба ҳисоб меравад, ғарқ шудан шаҳодат (шаҳидӣ) шуморида мешавад, шикамдардӣ шаҳодат (шаҳидӣ) ҳисобида мешавад ва зане ки ҳангоми таваллуд кардан бимирад, кӯдакаш ӯро аз нофаш кашида ба ҷаннат мебарад». (Гуфт, ки Абу-л-аввом ходими Байту-л-мақдис, сӯхтор ва бемории силро илова намудааст).   Албонӣ гуфтааст: Ин ҳадис ҳасану саҳеҳ аст. Китоби "Саҳиҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб" (1396).

10. Дар ҳолати дифоъ аз дин, мол ва ё ҷон вафот намудан.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас дар натиҷаи дифоъ аз моли худ кушта шавад, шаҳид аст. Ҳар кас дар натиҷаи дифоъ аз дини худ кушта шавад, шаҳид аст. Ҳар кас дар натиҷаи дифоъ аз ҷони худ кушта шавад, шаҳид аст».   Ривояти Тирмизӣ (1421). 

Бухорӣ (2480) ва Муслим (141) аз Абдуллоҳ ибни Амр (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки мегӯяд: Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфт: «Ҳар кас дар натиҷаи дифоъ аз моли худ кушта шавад, шаҳид аст».

11. Дар ҳоли посдорӣ аз марзҳои исломӣ вафот намудан.

Муслим (1913) аз Салмони Форсӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мегӯяд:  Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Як шабонарӯза посдорӣ дар марзҳои исломӣ аз рӯзаву шабзиндадории якмоҳа беҳтар аст. Агар дар ҳамин ҳол бимирад, савоби он амалҳое, ки анҷом медод, қатъ намешавад, ризқаш идома меёбад ва аз фитнаи қабр дар амон мемонад».

12. Ва боз яке аз нишонаҳои хотимаи нек, ин мурдан дар ҳангоми иҷрои амали солеҳ мебошад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас ба хотири ризои Аллоҳ "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд ва хотимааш низ бо ҳамин калима бошад, вориди биҳишт мешавад. Ҳар кас садақае диҳад ва хотимааш бо ҳамин кор бошад, вориди биҳишт мешавад».   Ривояти Имом Аҳмад (22813). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ал-Ҷаноиз" (саҳ 43) саҳеҳ шуморидааст. Ниг: Китоби "Ал-Ҷаноиз" (саҳифаи 34) таълифи Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

Ин нишонаҳо башоратҳои неканд, ки баёнгари хотимаи нек мебошанд. Бо вуҷуди ин, мо наметавонем бо боварии комил як шахси муайянеро ҷаннатӣ бигӯем, ба истиснои касоне ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар ҷаннатӣ будани онон гувоҳӣ додааст, ба монанди хулафои рошидин..

Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки хотимаи некро бароямон насиб гардонад.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб