Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Мутаматтеъе (оне, ки ҳаҷҷи таматтӯъ мекунад) дар рӯзи тарвия (рӯзи ҳаштуми Зулҳиҷҷа) аз Арафот барои ҳаҷ эҳром мебандад

109170

Таърихи нашр : 20-06-2024

Мушоҳидаҳо : 974

Савол

Мутаматтеъе (оне, ки ҳаҷҷи таматтӯъ мекунад) дар рӯзи тарвия (рӯзи ҳаштуми Зулҳиҷҷа) аз Арафот барои ҳаҷ эҳром мебандад. Оё чизе бар ӯ воҷиб аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ҳеҷ чизе бар ӯ воҷиб нест, зеро эҳром бастан барои ҳаҷ дар ҳудуди ҳарам ва дар беруни ҳарам ҷоиз аст". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (9/23).

_______________________________________________________


Маънои ҳаҷҷи таматтӯъ: Инсон дар моҳҳои ҳаҷ барои умра эҳром мебандад ва баъд аз анҷом додани он ҳалол гардида, аз эҳром мебарояд, сипас дар ҳамон сол барои ҳаҷ эҳром мебандад.

Таматтӯъ дар луғати араб ба маънои баҳрабардорӣ, бархурдорӣ ва фоида бурдан аст. Мутаматтеъ дар луғати араб ба маънои баҳраманд, бархурдор, фоидабаранда аст. Касе, ки ҳаҷҷи таматтӯъ мекунад, ӯро мутаматтеъ мегӯянд, чунки ӯ баъд аз анҷом додани умра то вақти ҳаҷ аз баъзе умуре, ки барои муҳрим мамнӯъ аст, баҳрабардорӣ мекунад.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб