Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Ҳеҷ чизе бар ӯ воҷиб нест, зеро эҳром бастан барои ҳаҷ дар ҳудуди ҳарам ва дар беруни ҳарам ҷоиз аст". Поёни сухан.
"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (9/23).
_______________________________________________________
Маънои ҳаҷҷи таматтӯъ: Инсон дар моҳҳои ҳаҷ барои умра эҳром мебандад ва баъд аз анҷом додани он ҳалол гардида, аз эҳром мебарояд, сипас дар ҳамон сол барои ҳаҷ эҳром мебандад.
Таматтӯъ дар луғати араб ба маънои баҳрабардорӣ, бархурдорӣ ва фоида бурдан аст. Мутаматтеъ дар луғати араб ба маънои баҳраманд, бархурдор, фоидабаранда аст. Касе, ки ҳаҷҷи таматтӯъ мекунад, ӯро мутаматтеъ мегӯянд, чунки ӯ баъд аз анҷом додани умра то вақти ҳаҷ аз баъзе умуре, ки барои муҳрим мамнӯъ аст, баҳрабардорӣ мекунад.