"Бӯсидани Ҳаҷару-л-асвад ҳангоми тавоф, аз суннатҳои муаккадаи тавоф ба шумор меравад; ба шарте ки ин амал бидуни издиҳоми шадид ва ё расонидани озор ба дигарон анҷом дода шавад, бо пайравӣ аз суннати расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод). Аммо агар анҷоми он танҳо дар шароити фишори сахт, тангии издиҳом ва боиси озори дигарон имконпазир бошад, дар ин сурат тарки он воҷиб мегардад ва иктифо ба ишора кардан бо даст кофӣ мебошад, махсусан барои зан; зеро зан аврат аст ва азбаски чунин рафтор ҳатто барои мардон низ машрӯъ нест, барои занон ба тариқи авло мамнӯъ мебошад. Ҳамчунин, ҳатто дар ҳолате ки бӯсидани Ҳаҷару-л-асвад барои зан бидуни издиҳом дастрас бошад, барои ӯ ҷоиз нест, ки дар он ҳангом рӯйи худро боз намояд, зеро дар он макон афроде ҳузур доранд, ки барои ӯ маҳрам нестанд.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто.
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.
"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (11/229).