Панҷшанбе 6 Ҷумода-л-уло 1446 - 7 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё ҷоиз аст, ки аҷру савоби тавофро ба шахси дигар бибахшад?

109319

Таърихи нашр : 14-05-2024

Мушоҳидаҳо : 529

Савол

Ҳукми бахшидани аҷру савоби тавоф ба шахси дигар чист? Чунки баъзе шахсон агар фардеро бубинанд, ки ба Макка меравад, ба ӯ мегӯянд: Барои ман ҳам ҳафтто бигир. Яъне ба ҷои ман ҳам ҳафт давр тавоф кун. Он шахс савоби тавофро барои ӯ ният мекунад. Оё ин ҷоиз аст ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Тавофи Каъба ба сурати намояндагӣ қабул нест. (Яъне тавоф кардан аз номи дигаре ҷоиз нест). Аз ин рӯ, ҳеҷ касе ба ҷои дигаре тавоф намекунад, магар дар сурате ки ба ҷои ӯ ҳаҷ ё умра намояд, ки дар ин сурат тамоми амалҳои ҳаҷ ё умраро ба ҷои ӯ анҷом медиҳад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз , Шайх Абдурраззоқ Афифӣ , Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён , Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

"Фатово-л-лаҷнати-д-доима" (11/236).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб