"Барои зан ҷоиз аст, ки дар ҳолати эҳром дар даст дастбандҳои тиллоӣ, ангуштаринҳо ва монанди инҳоро дошта бошад. Вале бар ӯ лозим аст, ки ин зеварҳоро аз мардони номаҳрам пинҳон нигоҳ дорад, аз тарси ба вуҷуд омадани фитна.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.
"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (11/190-192).
Шайх Ибни Усаймин (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) дар китоби "Маҷмуъу фатово"-и худ (22/201) гуфтааст:
"Ҳеҷ боке надорад, ки зан дар ҳолати эҳром аз тилло ҳар қадар ки бихоҳад истифода намояд, ба шарте ки ба ҳадди исроф нарасад, ҳатто ангуштаринҳо ва дастбандҳо дар дастҳо. Вале дар чунин ҳолат бояд онҳоро аз мардони бегона пинҳон нигоҳ дорад, аз тарси ба вуҷуд омадани фитна". Поёни сухан.
Аллоҳ донотар аст.