Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё барои зан ҷоиз аст, ки дар ҳоли эҳром хушбӯӣ бизанад?

Савол

Оё барои зан ҷоиз аст, ки дар ҳоли эҳром хушбӯӣ бизанад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Хушбӯӣ задан барои муҳрим пас аз ворид шудан ба эҳром ҷоиз нест, хоҳ мард бошад ва хоҳ зан, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Либосеро, ки ба он заъфарон ё варс расидааст, напӯшед». 

(Варс: Гиёҳи зардрангу хушбӯй, ки бо он либосро ранг мекунанд).

Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст:

«Ман расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро барои эҳромаш қабл аз ин ки эҳром бибандад ва барои берун шуданаш аз эҳром, қабл аз ин ки хонаи Аллоҳро тавоф кунад (яъне пеш аз ин ки тавофи ифозаро баҷо оварад), хушбӯй намудам».   Муттафақун алайҳ. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи марде, ки дар ҳоли эҳром фавтидааст, фармуд: «Ба ӯ хушбӯӣ назанед».   Бар саҳеҳ будани ин ҳадис иттифоқ кардаанд.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.
"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто" (11/190-192).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб