Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё шавҳари сарватманд бояд хароҷоти ҳаҷҷи занашро пардохт намояд?

Савол

 

Зане барои ҳаҷ пул надорад, аммо шавҳараш сарватманд аст. Оё аз рӯи Шариат, хароҷоти ҳаҷҷи зан бар ӯҳдаи шавҳар аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Аз рӯи Шариат, бар шавҳар воҷиб нест, ки хароҷоти ҳаҷҷи занашро пардохт намояд, агарчи сарватманд ҳам бошад, балки ин амал аз боби хайру некӯкорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳаҷ бар ин зан воҷиб нест, зеро ӯ аз пардохт намудани хароҷоти он оҷиз аст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (11/35).

Ҳамчунин дар фатовои Кумитаи доимӣ (11/94) омадааст:

"Бар шавҳар пардохт намудани хароҷоти ҳаҷҷи ҳамсараш воҷиб нест. Ин мисли хароҷоти хӯрок, пӯшок ва ҷои зисти ӯ нест. (Яъне хароҷоти хӯрок, пӯшок ва ҷои зисти ҳамсар бар шавҳар воҷиб аст. Аммо хароҷоти ҳаҷҷи ӯ бар шавҳар воҷиб нест). Балки пардохт намудани хароҷоти ҳаҷҷи ҳамсар аз боби хушрафторӣ ва ахлоқи олӣ ба ҳисоб меравад. Нафақаи ҳамсар (яъне таъмин намудани ӯ бо хӯрок, пӯшок ва ҷои зист) дар ҳоли сафари ҳаҷ бар шавҳар ба андозаи нафақае, ки дар манзили истиқоматии худ сарф мекард, воҷиб аст". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қуъуд.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб