Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Истифода бурдани амонат беиҷозати соҳибаш ҳаром мебошад.

11103

Таърихи нашр : 11-07-2020

Мушоҳидаҳо : 1390

Савол

Шахсе мошинашро дар назди ман ҳамчун амонат гузошта сафар кардааст. Ман маҷбур шудам, ки онро беиҷозати ӯ истифода барам. Оё истифодабарии он то он даме, ки аз сафар баргардад, бароям иҷозат аст ва ё онро ба ҷояш баргардонам? Инҷо бояд қайд кард, ки ман барои истифодабарии он хело эҳтиёҷ дорам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Беиҷозат истифода бурдани он ҳаром мебошад. Зеро донишмандон гуфтаанд: Беиҷозати соҳиби амонат тасарруф намудани он ҳаром аст. Ин кор акси боварие, ки амонатгузор нисбати ту кардааст. Аз ин рӯ, беиҷозати ӯ истифода бурдани он, бароят ҷоиз нест. Ба ту зарур аст, ки онро ба ҷояш баргардонида, онро муҳофизат кунӣ. Он коре, ки анҷом додӣ, яъне истифода бурдӣ нодуруст буда, барои иҷрои он гунаҳгор шудаӣ. Танҳо дар ҳолате, ки агар соҳиби он аз ту гузашт карда, бароят истифода бурдани онро иҷозат диҳад, дар ин ҳолат ҳеҷ монеияте нест.

      Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Фатовои Шайх Абдуллоҳ ибни Ҳумайд (саҳ: 196)