Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Барои ҳифз кардани Қуръон ягон оят ё намозҳои махсусе вуҷуд надорад, балки мусулмон барои ҳифз кардани Қуръони Карим бояд саъю кӯшиш намояд.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَلَقَدْ يَسَّرْنَا ٱلْقُرْءَانَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ
سورة القمر: ١٧
«Албатта Мо Қуръонро барои панд гирифтан осон намудем. Пас оё пандпазире ҳаст?» (Сураи Қамар: 17).
Ҳар кас барои ҳифз кардани Қуръон саъю талош намояд, Аллоҳ таъоло ба ӯ кӯмак мекунад ва онро барояш осон мегардонад. Аммо оиди оятҳову намозҳои махсус барои он, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад. Вале бояд ӯ аз Аллоҳ таъоло бисёр дархост намояд (ва зиёд дуо кунад), то ба ӯ барои ҳифз кардани Қуръон кӯмак намояд. Аллоҳ наздик ва иҷобаткунандаи дуо аст.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён ... Шайх Солеҳ Ал-Фавзон ... Шайх Абдулазиз Оли Шайх ... Шайх Бакр Абузайд.
"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмия" (24/245).