Шанбе 20 Ҷумода-л-охира 1446 - 21 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ оиди оятҳову дуоҳое, ки ҳифзи Қуръонро барояш осон мекунанд, саволе дорад

112058

Таърихи нашр : 30-04-2024

Мушоҳидаҳо : 456

Савол

Мехоҳам Қуръонро азёд кунам, аммо натавонистам. Шунидаам, ки оятҳое вуҷуд доранд, ки агар онҳоро бихонӣ ва баъзе дуоҳову намозҳо ин корро осон мекунад. Оё ман метавонам (дар ин бора) ягон маълумоте дошта бошам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Барои ҳифз кардани Қуръон ягон оят ё намозҳои махсусе вуҷуд надорад, балки мусулмон барои ҳифз кардани Қуръони Карим бояд саъю кӯшиш намояд.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَلَقَدْ يَسَّرْنَا ٱلْقُرْءَانَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ

سورة القمر: ١٧

«Албатта Мо Қуръонро барои панд гирифтан осон намудем. Пас оё пандпазире ҳаст?»   (Сураи Қамар: 17).

Ҳар кас барои ҳифз кардани Қуръон саъю талош намояд, Аллоҳ таъоло ба ӯ кӯмак мекунад ва онро барояш осон мегардонад. Аммо оиди оятҳову намозҳои махсус барои он, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад. Вале бояд ӯ аз Аллоҳ таъоло бисёр дархост намояд (ва зиёд дуо кунад), то ба ӯ барои ҳифз кардани Қуръон кӯмак намояд. Аллоҳ наздик ва иҷобаткунандаи дуо аст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён ... Шайх Солеҳ Ал-Фавзон ... Шайх Абдулазиз Оли Шайх ... Шайх Бакр Абузайд.

"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмия" (24/245).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб