Ҷумъа 1 Рабиъу-л-охир 1446 - 4 Октябр 2024
Тоҷикӣ

Пардохти закоти фитр беш аз як соъ

Савол

Оё ҷоиз аст, ки беш аз соъ закоти фитр бидиҳам ва миқдори зиёдатиаш садақа бошад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, ҳеҷ ишколе дар он вуҷуд надорад. Соъ закоти фитри фарзӣ хоҳад буд ва он чизе, ки беш аз соъ дода мешавад, садақи нофила хоҳад буд ва садақакунанда барои ин амалаш подош хоҳад гирифт.

Аз Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд, ки шахсе закоти фитр бар ӯ воҷиб аст ва медонад, ки он як соъ аст, вале ӯ зиёда аз як соъ дод ва гуфт, ки он нофила аст. Оё ин амал макрӯҳ аст?

Дар ҷавоб гуфт:

"Ҳамду сано барои Аллоҳ. Бале, ин амал дар назди аксари донишмандон, ба монанди Шофеӣ, Аҳмад ва дигарон бе ягон кароҳият ҷоиз аст. Танҳо аз Молик макруҳ будани он ривоят шудааст. (Яъне Молик ин амалро макруҳ донистааст).

Аммо пардохти он камтар аз миқдори фарзӣ (яъне камтар аз як соъ) бо иттифоқи донишмандон ҷоиз нест". Поёни сухан.

 "Маҷмӯу фатово Ибни Таймия" (25/70).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб