Сешанбе 25 Ҷумода-л-уло 1446 - 26 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Закоти фитрро надодааст, оё метавонад онро ҳоло бидиҳад?

Савол

Закоти фитрро дода натавонистам, зеро ман машғул будам. Оё метавонам онро акнун бидиҳам? Бояд чи кор кунам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Додани закоти фитр пеш аз намози ид воҷиб мебошад, зеро ҳадисе дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) амр кард, ки он пеш аз баромадани мардум ба намоз, дода шавад. Агар мусулмон онро пеш аз намоз, дар вақти воҷибиаш дода натавонад, он аз гарданаш соқит намегардад, балки онро бояд баъди намоз хам ки бошад, бидиҳад.

Аз Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд:

Закоти фитрро аз сабаби ногаҳонӣ омадани ид, дода натавонистам ва баъди иди Фитри муборак вақтеро пайдо накардам, то бипурсам ки дар ин ҳолат ба ман чӣ чиз воҷиб аст. Оё закоти фитр аз ман соқит мегардад, ё бояд онро адо намоям?

Дар ҷавоб гуфт:

Закоти фитр фарз аст. Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) фармудааст: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) закоти фитрро фарз гардонидааст". Он бар ҳар як мусулмон, бар марду зан, хурду калон, озоду ғулом фарз мебошад. Агар фарз кардем, ки пеш аз ин ки закоти фитрро адо намоӣ, ид ногаҳонӣ ояд, дар ин ҳолат онро дар рӯзи ид, баъди намоз ҳам ки бошад, адо менамоӣ. Зеро ибодати фарзӣ агар вақташ бо узре гузарад, пас ҳар гоҳ он узр аз байн биравад, бояд қазои он иҷро карда шавад. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе ки намозро фаромӯш бикунад, пас ҳар гоҳ ба хотираш ояд, онро бихонад, ҷуз он дигар ҳеҷ каффорае надорад".   Ривояти Бухорӣ (597) ва Муслим (683).

Сипас ояти зеринро тиловат намуд:

 وَأَقِمْ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي    طه/14.

"Ва намозро барои ёди Ман барпо дор".   (Сураи Тоҳо: 14).

Бинобар ин, эй бародари саволдиҳанда, бар ту зарур аст, ки онро ҳоло адо намоӣ. Поёни сухан аз китоби "Маҷмӯу фатово"-и Ибни Усаймин (20/271).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб