Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Хӯрдан аз хӯроки Ошуро ва фарохӣ дар хароҷот ба муносибати зодрӯзи шахс

Савол

Оё хӯроки рӯзи Ошуро дар рӯзи Ошуро бидъат ҳисобида мешавад? Ва агар ман онро як рӯз пеш ва ё баъд аз он бихӯрам, оё ин бидъат мебошад? Фарохӣ дар хароҷоти худ дар рӯзи зодрӯз, ба монанди харидани мева ва шириниҳо, бидуни баргузории ҷашни зодрӯзӣ чӣ ҳукме дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Агар ин хӯрок аз хӯроки шиаён бошад, ки онро дар рӯзи Ошуро дар баробари латм (панҷа бар рӯи худ задан) ва худзанӣ омода мекунанд, ин ҳама аз бидъатҳои мункар аст, ки мусулмон бояд аз он дурӣ ҷӯяд ва дар он ширкат накунад. Мо пештар фатвои Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дар ҷавоби саволи рақами (102885 ) оварда будем.

Аммо агар ин хӯрок бо он амалҳо ҳамроҳ набошад ва ҳадаф аз он фарохӣ дар хароҷоти худ ва аҳлу аёли худ бошад, ҳеҷ ишколе дар он нест ва он ҳамчун бидъат тавсиф намешавад.

Бисёре аз донишмандон изҳор доштаанд, ки дар рӯзи Ошуро бояд бар хароҷоти худ ва аҳлу аёли худ фарохӣ ва густариш дода шавад ва дар ин бора ҳадисҳое аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят карда шудаанд, аммо ҳамаи он ҳадисҳо заифанд, саҳеҳ намебошанд.

Дуввум:

Ҷашн гирифтани зодрӯзи инсон яке аз бидъатҳои инкоршуда аст. Ин масъала пештар дар ҷавоби саволи рақами (1027 ) баён карда шуд.

Фарохӣ дар хӯрок дар он рӯз ва овардани шириниҳо ва меваҳо як навъ таҷлил ва арҷгузории он рӯз аст, ки набояд ин кор анҷом дода шавад.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб