Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Барои мард ҷоиз нест, ки модарашро ғусл бидиҳад ва барои модар ҷоиз нест, ки писарашро ғусл бидиҳад. Ҳамчунин барои мард ҷоиз нест, ки духтарашро ғусл бидиҳад, зеро мард занро ғусл намедиҳад, агарчӣ он зан аз ҷумлаи маҳрамҳои ӯ бошад, ба истиснои ҳамсар, ки ӯ метавонад шавҳарашро ғусл бидиҳад ва ҳамчунин барои шавҳар ҷоиз аст, ки ҳамсарашро ғусл бидиҳад, ба ҷуз ин дигар ҳолат ҷоиз нест. Мардро танҳо мардон ва занро танҳо занон ғусл медиҳанд.
Аммо писаре, ки ба синни ҳафт солагӣ нарасидааст, зан метавонад ӯро ғусл бидиҳад ва ҳамчунин духтаре, ки ба синни ҳафт солагӣ нарасидааст, ҷоиз аст, ки мард ӯро ғусл бидиҳад. Аммо агар писар ба синни ҳафт солагӣ бирасад ва духтар ҳамчунин, пас дар ин ҳолат, мардон писарро ва занон духтарро ғусл медиҳанд.
Хулоса:
Барои мард ҷоиз нест, ки занро ғусл бидиҳад ва ҳамчунин барои зан ҷоиз нест, ки мардро ғусл бидиҳад, ба истиснои зану шавҳар.
Аллоҳ донотар аст.