Таҳияи барномае, ки ҳам барои корҳои ҳалол ва ҳам барои корҳои ҳаром истифода мешавад

13

Савол 11517

Мехоҳам барои як ширкат сомона тарроҳӣ кунам ё барномаи компютерӣ таҳия намоям. Медонам, ки бархе аз фаъолиятҳои ин ширкат ҳалол ва бархеи дигар ҳаром мебошанд.

Оё анҷом додани чунин кор бароям ҷоиз аст? Бояд гуфт, ки ман худам бевосита ба корҳои ҳаром даст намезанам, балки танҳо барномаро таҳия ё сомонаро тарроҳӣ мекунам ва ширкат онро дар фаъолияти худ истифода мебарад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ин саволро ба Шайхи арҷманд Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин пешниҳод кардем. Ӯ дар посух гуфт:

Агар қисми бештари фаъолияти ширкат ҳаром бошад, анҷом додани ин кор барои ӯ ҷоиз нест. Аммо агар қисми бештари фаъолияти ширкат мубоҳ (раво) бошад, ин кор ҷоиз аст. Вале агар фаъолияти ҳалолу ҳароми ширкат баробар бошад, бо мақсади бартарӣ додан ба ҷониби манъ, набояд ин корро анҷом диҳад.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Корҳову касбҳои мамнӯъ ва ҳаром кардашуда

Сарчашма: 

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play