Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Буридани мӯи занон

1172

Таърихи нашр : 25-09-2024

Мушоҳидаҳо : 956

Савол

Буридани мӯй, ки баъзе занон анҷом медиҳанд, яъне буридани мӯйҳои болои пешонӣ ва овезон кардани торҳои он ба пешонӣ, чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар мақсад аз буридан монандӣ ба занони кофиру мулҳид бошад, ҳаром аст, зеро монандӣ ба ғайри мусулмонон ҳаром мебошад, чунки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Касе худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост».

Аммо агар мақсад аз он монандӣ (ба занони кофиру мулҳид) набошад, балки аз одатҳои нав дар миёни занон бошад ва агар зинате дар он бошад, ки зан битавонад барои шавҳараш худро бо он оро бидиҳад ва дар назди дӯстдухтаронаш чунин зуҳур кунад, ки ин мазҳар мақому мартабаи ӯро дар назди онҳо боло бибарад, мо дар ин бобат ҳеҷ ишколеро намебинем.

Сарчашма: "Фатово-л-лаҷнати-д-доима" 5/181