Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Дуои вузӯ

Савол

Оё дуое дар шариат собит шудааст, ки ҳангоми вузӯ хонда шавад, ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дуое ҳангоми вузӯ, дар вақти шустани узвҳо ё масҳи он собит нашудааст. Ҳар дуое, ки дар ин бора зикр шудааст, бидъат буда, асосе надорад. Балки дуои машҳур дар шариат ин аст, ки бояд дар аввал "Бисмиллоҳ" гуфта шавад ва баъд аз вузӯ шаҳодатайн хонда шавад. Пас аз шаҳодатайн дуои зерин хонда шавад:

اللَّهُمَّ اجْعَلْنِي مِنَ التَوَّابِينَ ، واجْعَلْني مِنَ المُتَطَهِّرِينَ

"Аллоҳуммаҷъалнӣ мина-т-таввобина ваҷъалнӣ мина-л-мутатаҳҳирин".

(Эй Аллоҳ, маро аз ҷумлаи тавбакорон ва покизагон қарор бидеҳ).

Сарчашма: Фатово-л-лаҷнату-д-доима (5/205).