Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ғайр аз Бухорӣ ва Муслим боз кадом шахсон ҳадисҳои саҳеҳро ҷамъоварӣ кардаанд?

Савол

Ғайр аз Бухорӣ ва Муслим боз кадом шахсон ҳадисҳои саҳеҳро (яъне ривоятҳое ки саҳеҳ ҳисобида мешаванд) ҷамъоварӣ кардаанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ғайр аз Бухорӣ ва Муслим дигар донишмандон низ ҳадисҳои саҳеҳро ҷамъоварӣ намудаанд, ба монанди Ибни Хузайма дар "Саҳиҳ"-и худ, Ибни Ҳиббон дар "Саҳиҳ"-и худ, Ибни Сакан дар "Саҳиҳ"-и худ, Ҳоким дар "Мустадрак" ва Зиё Мақдисӣ дар "Ал-Мухтора". Аммо кори ҳеҷ яке аз онҳо ба дараҷаи "Саҳиҳайн" ("Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим) нарасидааст.
 

Сарчашма: Шайх Саъд Ал-Ҳумайд