Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Издивоҷи мусулмонзан бо марди ғайримусулмон ботил аст ва ҳамбистарӣ бо ӯ зино ҳисобида мешавад

118098

Таърихи нашр : 03-09-2021

Мушоҳидаҳо : 2120

Савол

Мавқеи Ислом нисбати мусулмонзане, ки бо марди ғайримусулмон издивоҷ кардааст, чӣ гуна аст? Зеро  ӯ ба ин чиз ниёз дошт, яъне ба ин издивоҷ маҷбур шуда буд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Издивоҷи  мусулмонзан бо марди кофир ҷоиз нест ва ин никоҳ дуруст намебошад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلاَ تُنكِحُواْ الْمُشِرِكِينَ حَتَّى يُؤْمِنُواْ   

(سورة البقرة: ٢٢١).

«Ва ба мардони мушрик то имон биёваранд, занони мӯъминаро мадиҳед».   (Сураи Бақара: 221).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 فَإِنْ عَلِمْتُمُوهُنَّ مُؤْمِنَاتٍ فَلا تَرْجِعُوهُنَّ إِلَى الْكُفَّارِ لا هُنَّ حِلٌّ لَّهُمْ وَلا هُمْ يَحِلُّونَ لَهُنَّ 

 (سورة الممتحنة: ١٠).

«Пас, агар ононро занони мӯъмин ёфтед, ононро ба сӯи кофирон бознагардонед. На инон (занони мӯъмин) бар онон (мардони кофир) ҳалоланд ва на онон (мардони кофир) бар инон (занони мӯъмин) ҳалоланд».   (Сураи Мумтаҳана: 10).

Маҷбур будани мусулмонзан ба ин чиз, узре нест, ки бояд ба ин издивоҷ розӣ шуда ба он гардан ниҳад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Фармонбардории махлуқ дар маъсияту нофармонии офаридгор (Аллоҳ) ҷоиз нест».

Ин никоҳ ботил ва ҳамбистарӣ бо ӯ зино ҳисобида мешавад". Поёни сухан.

"Ал-Мунтақо мин фатово-л-фавзон" (3/174).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб