Оё вуҷуд доштани холкӯбӣ (татуировка, нақше, ки дар бадан бо сӯзанзанӣ ва нилпошӣ кашида мешавад) дар бадан барои адои ҳаҷ монеа эҷод мекунад?

Савол 1199

Ҳукми холкӯбӣ бар бадан чист ва оё доштани холкӯбӣ метавонад барои шахси холкӯбишуда ҳангоми адои фаризаи ҳаҷ монеа эҷод кунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Холкӯбӣ бар бадан ҳаром мебошад, зеро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки ӯ занеро, ки мӯй мепайвандад ва занеро, ки хоҳони пайванд кардани мӯй аст, инчунин занеро, ки холкӯбӣ мекунад ва занеро, ки дархости холкӯбӣ мекунад, лаънат кардааст.

Холкӯбӣ дар рухсора, лаб ва дигар узвҳои бадан анҷом дода мешавад ва ранги онҳоро ба кабуд, сабз ё сиёҳ тағйир медиҳад.

Бо ин ҳама, холкӯбӣ барои адои фаризаи ҳаҷ монеъ ба ҳисоб намеравад. (Яъне шахси холкӯбишуда метавонад ҳаҷҷи худро ба ҷо оварад).

Сарчашма

Хатоҳое, ки баъзе аз ҳоҷиён ва умракунандагон ба он воқеъ мешаванд

Сарчашма

Фатово-л-лаҷнати-д-доима: 5/198

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android