Душанбе 17 Ҷумода-л-уло 1446 - 18 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё бо пули закот масҷид сохтан ҷоиз аст?

12330

Таърихи нашр : 01-02-2024

Мушоҳидаҳо : 591

Савол

Оё бароям ҷоиз аст, ки пули закотро барои сохтмони масҷид истифода барам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз Кумитаи доимӣ пурсиданд:

Оё сарф намудани пули закот барои таъмири масҷид, фарши он ва ғайра ҷоиз аст?
Чунин посух доданд: 

Закот махсус ба ҳашт тоифае, ки Аллоҳ таъоло дар ояти зерин баён кардааст, тақсим карда мешавад:

إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِى الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِى سَبِيلِ اللهِ وَابْنِ السَّبِيلِ

سورة التوبة: ٦٠

«Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дарроҳмондагон) аст».   (Сураи Тавба: 60).

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки масҷидҳо аз ҷумлаи ҳашт тоифаи дар оят зикршуда нестанд. Сарф намудани закот ба ин ҳашт тоифа маҳдуд шудааст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Фатово исломия: 2/91