Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми сухани "Дар дин ҳаё нест".

12370

Таърихи нашр : 19-10-2022

Мушоҳидаҳо : 1737

Савол

Бархе аз мардум вақте мехоҳанд дар мавриди чизи хиҷолатовар бипурсанд, дар оғози савол мегӯянд: "Дар дин ҳаё нест". Оё ин сухан дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ибораи "Дар дин ҳаё нест" хато аст, балки ҳаё аз дин аст. Дурусттараш ин аст, ки масалан бигӯяд, ки Аллоҳ аз ҳақ шарм намедорад, чуноне ки дар ҳадиси Умми Салама омадааст, ки ӯ мегӯяд: Умми Салим назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омада гуфт: Эй расулуллоҳ! Аллоҳ аз ҳақ шарму ҳаё намекунад. Агар зан эҳтилом шавад, ғусл бар ӯ воҷиб мегардад? Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Бале, агар об (нутфа) бубинад». Умми Салама рӯяшро пӯшида, гуфт: Эй расулуллоҳ! Магар зан ҳам эҳтилом мешавад? Фармуд: «Бале, дастат хоколуда шавад. Вагарна чигуна фарзанд ба модараш монандӣ пайдо мекунад».   Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид