Бале, дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ (581) ва "Саҳиҳ"-и Муслим (831) аз хондани намоз пас аз намози бомдод то тулӯи офтоб ва ба андозаи як найза баланд шудани он, инчунин аз хондани намоз дар вақти завол (қиём)-и офтоб дар ними рӯз ва аз хондани намоз пас аз намози аср то ғуруби офтоб наҳй (манъ) омадааст.
Ва паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки офтоб байни ду шохи шайтон тулӯъ ва ғуруб мекунад ва кофирон дар ҳамин вақт ба он саҷда мекунанд.
Шайх Саъд Ал-Ҳумайд
Дар ҳадис ҳеҷ ишорае нашудааст, ки ҷинҳо дар ин вақт барои шайтонҳо намоз мегузоранд. Балки шайтонҳо худ аз ҷумлаи ҷинҳои саркаш ва нофармон мебошанд.