Панҷшанбе 18 Ҷумода-л-охира 1446 - 19 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Идона додан ба кӯдакон дар иди Фитр ва Азҳо (Қурбон)

Савол

Мо кӯдакони хурдсол дорем ва одати кишварамон ин аст, ки дар рӯзи ид, иди Фитр ва иди Азҳо (Қурбон) ба хотири дохил сохтани шодмонӣ ба қалбҳои кӯдакон, ба онон идона медиҳем, ки маблағи ночиз аст. Оё идона бидъат аст, ё ҳеҷ боке дар он нест?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ҳеҷ боке дар он нест, балки он аз одатҳои нек аст. Шод кардани мусулмон, хоҳ бузург бошад, ё хурдсол, масъалаест, ки шариати мутаҳҳар (покиза) ба он тарғибу ташвиқ намудааст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдулазиз Оли Шайх ... Шайх Солеҳ Ал-Фавзон ... Шайх Бакр Абузайд.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (26/247).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб