Сешанбе 5 Рабиъу-л-охир 1446 - 8 Октябр 2024
Тоҷикӣ

Табрику таҳният гуфтан ба фарорасии моҳи Рамазон

Савол

Оё табрику таҳният гуфтан ба фарорасии моҳи Рамазон ҷоиз аст, ё ин амал бидъат ба ҳисоб меравад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Табрику таҳният гуфтан ба фарорасии моҳи Рамазон ҳеҷ боке надорад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саҳобагони худро ба фарорасии моҳи Рамазон башорат медод ва ононро барои эҳтимом варзидан ба ин моҳ тарғибу ташвиқ мекард. Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Рамазон, моҳи мубораке ба сӯи шумо омад, ки Аллоҳ таъоло рӯзаашро бар шумо фарз гардонид. Дар он дарҳои осмон кушода ва дарҳои дӯзах баста ва шайтонҳои саркаш занҷирбанд карда мешаванд. Дар он шабе вуҷуд дорад, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе, ки аз хайри он маҳрум шавад, дар ҳақиқат маҳрум аст».   Ривояти Насоӣ (4/129). Инчунин дар китоби "Саҳиҳу-т-тарғиб" (1/490) ворид шудааст.

Рисолаи "Ҳафтод масъала оиди рӯза"

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид