Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Равиши паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар эътикоф

Савол

Мехоҳам дар мавриди равиши паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи эътикоф маълумот ҳосил намоям.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Равиши паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бобати эътикоф комилтарин ва осонтарин равиш аст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) боре дар даҳаи аввали Рамазон, сипас дар даҳаи мобайни Рамазон ба хотири ҷустуҷӯи шаби қадр эътикоф нишаст. Баъдан равшан гардид, ки шаби қадр дар даҳаи охири Рамазон қарор дорад. Аз он рӯз иборат, то охири умри худ, дар даҳаи охири Рамазон эътикоф менишаст.

Боре эътикофи даҳаи охири Рамазонро тарк кард. Сипас қазои онро дар даҳаи аввали моҳи шаввол адо намуд.   Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Аммо соле, ки дар он вафот кард, бист рӯз ба эътикоф нишаст.   Ривояти Бухорӣ (2040).

"Гуфтаанд: Сабаби бист рӯз эътикоф нишастани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар он буд, ки аз наздикшавии аҷали худ огоҳӣ пайдо карда буд. Хост, ки амалҳои некро зиёд анҷом бидиҳад, то барои уммати худ таълим диҳад, ки онҳо низ пеш аз мулоқот бо Аллоҳ амалҳои зиёд анҷом диҳанд то ин, ки дар ҳолати беҳтарин бо Аллоҳ мулоқот намоянд.

Инчунин гуфтаанд: Сабаби бист рӯз эътикоф нишастани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар он буд, ки Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳар моҳи Рамазон як маротиба бо паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръонро мудораса мекард. Вақте ки соли охирини ҳаёти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фаро расид, ду маротиба ин корро анҷом дод. Бинобар ин, ду баробари эътикофҳои пешина, ба эътикоф нишаст.

Пурқувваттарин дидгоҳ ин аст, ки сабаби бист рӯз эътикоф нишастани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар он буд, ки ӯ як сол пеш аз он дар сафар буд. Далели он ҳадисест, ки Насоӣ ва Абудовуд ривоят кардаанд ва он лафзи Насоӣ аст ва онро Ибни Ҳаббон ва дигарон саҳеҳ донистаанд. Ин ҳадис аз Убай ибни Каъб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи охири Рамазон ба эътикоф менишаст. Як сол сафар намуд ва ба эътикоф нанишаст. Вақте ки соли баъдӣ расид, бист рӯз ба эътикоф нишаст". Поёни сухан аз китоби "Фатҳу-л-борӣ".

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) амр менамуд, ки барои ӯ хаймае дар дохили масҷид зада шавад. Дар дохили хайма менишаст ва аз мардум хилватнишинӣ мекард ва ба Парвардигори худ рӯй меовард, то ин ки хилватнишинӣ дар шакли воқеиаш сурат бигирад.

Боре дар хаймаи туркӣ (яъне хаймаи хурд) ба эътикоф нишаст ва ба дари он бурёеро гузошт.   Ривояти Муслим (1167).

Ибни Қаййим дар "Зоду-л-маод" (2/90) фармудааст:

"Ҳамаи ин гуфтаҳо мақсади эътикоф ва рӯҳи онро нишон медиҳад. Ин бар акси амалҳое, ки ҷоҳилон анҷом медиҳанд, ки эътикофро василае барои сӯҳбат кардан ва зиёрат кардани ҳамдигар қарор доданд ва бо якдигар гуфтугӯ карда менишинанд. Ин чизест ва эътикофи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чизи дигар аст". Поёни сухан.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоми эътикоф доимо дар масҷид менишаст ва аз масҷид танҳо барои қазои ҳоҷат берун мешуд. Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) фармудааст: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме, ки дар эътикоф буд, вориди хона намешуд, магар ба хотири ҳоҷат".   Ривояти Бухорӣ (2029) ва Муслим (297).

Дар ривояти Муслим чунин омадааст: "Магар ба хотири ҳоҷати инсонӣ". Зӯҳрӣ инро тафсир карда мегӯяд, ки ҳоҷати инсонӣ, пешобу ғоит мебошад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба покизагии худ аҳамият медод ва сари худро аз масҷид ба ҳуҷраи Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) дохил мекард ва Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) сари паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро мешуст ва мӯи ӯро шона мекард.

Бухорӣ (2028) ва Муслим (297) аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки ӯ гуфтааст: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳангоми эътикофнишинӣ, сари худро ба сӯи ман дароз мекард ва ман дар ҳоли ҳайз будан, мӯйи ӯро шона мекардам.

Дар ривояти Бухорӣ ва Муслим омадааст: "Ман сари ӯро мешустам".

Ҳофиз мегӯяд: Дар ҳадис ҷоиз будани покиза кардани худ, хушбӯӣ намудан, шустан, тарошидан, зинат додан дида мешавад. Аксарияти донишмандон бар ин назаранд, ки чизҳое, ки анҷоми он дар масҷид макрӯҳанд, дар эътикоф низ макрӯҳ мебошанд. Поёни сухан.

Ҳамзамон яке аз равишҳои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ин аст, ки ҳангоми эътикоф набояд инсон бемореро зиёрат кунад, ё ба ҷанозае ширкат намояд ва ин барои он буд, ки ба таври комил муноҷот бо Аллоҳ таъоло сурат бигирад ва ҳикмати эътикоф, ки канорагирӣ аз мардум ва рӯйоварӣ ба сӯи Аллоҳ таъоло аст, амалӣ гардад.

Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) мегӯяд:

"Бар эътикофнишин суннат аст, ки бемореро зиёрат накунад, ба ҷанозае иштирок наварзад, ба ҳамсараш даст назанад ва бо ӯ ҳамбистарӣ накунад ва барои баровардани ниёзе набарояд, магар дар ҳоли зарурӣ".   Ривояти Абӯдовуд (2473). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу Абидовуд" саҳеҳ хондааст.

Мақсад аз бахши ҳадис: "ба ҳамсараш даст назанад ва бо ӯ ҳамбистарӣ накунад". Яъне бо ӯ ҷимоъ ва ҳамхобӣ накунад. Инро Шавконӣ дар китоби "Найлу-л-автор" гуфтааст.

Баъзе аз ҳамсарони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро дар ҳоли эътикоф зиёрат мекарданд. Ҳаргоҳ яке аз онҳо аз назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мехост биравад, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро то хонааш мебурд ва он дар шаб буд.

Аз Сафия ҳамсари паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки ӯ ба зиёрати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳоле, ки ӯ дар даҳаи охири моҳи Рамазон, дар масҷид ба эътикоф нишаста буд, омад ва соате бо ӯ сӯҳбат кард. Сипас аз ҷой хест, то баргардад, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) низ аз ҷойи худ хест, то ӯро ба хонааш бибарад.   Ривояти Бухорӣ (2035) ва Муслим (2175).

Хулосаи калом ин аст, ки эътикофи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо осонӣ буд, дар он сахтгирӣ дида намешуд. Тамоми вақти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар  ҳоли эътикоф дар зикри Аллоҳ ва рӯйоварӣ ба тоати Аллоҳ буд, то ин ки шаби қадрро дарёбад.

Ба китоби "Зоду-л-маод"-и Ибни Қаййим (2/90) ва "Ал-Эътикофу назратун тарбавия"-и доктор Абдулатиф Болту нигаред.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб