Панҷшанбе 18 Ҷумода-л-охира 1446 - 19 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Изҳороти Кумитаи доимии фатводиҳӣ дар робита ба он чи дар Навори Ғазза рух медиҳад, аз қабили куштор, муҳосира ва табъиду рондан

128036

Таърихи нашр : 22-11-2023

Мушоҳидаҳо : 648

Савол

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар робита ба он чи дар навори Ғазза рух медиҳад, аз қабили куштор, муҳосира ва табъиду рондан баёнияе содир кард, ки матни он чунин аст:

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳамду сано барои Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён ва дуруду паём ба гиромитарини паёмбарону расулон, паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ ва ба касоне, ки то рӯзи қиёмат аз онон ба некӣ пайравӣ мекунанд.
Ва баъд: 

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ он чиро, ки бо бародарони мусалмони мо дар Фаластин ва бахусус дар Навори Ғазза рух дод ва дар ҳоли ҳозир ҳам рух дода истодааст, аз қабили таҷовуз, куштори кӯдакон, занон ва пиронсолон, поймолшавии ҳурумот,
вайрон кардани хонаҳову иншоот ва тарсонидани аҳолии осоишта бо тамоми ғаму андӯҳ ва дарду алам пайгирӣ намудааст. Бидуни шак, ин ҷиноят ва зулм алайҳи мардуми Фаластин аст.

Ин ҳодисаи дарднок аз мусулмонон тақозо мекунад, ки дар канори бародарони фаластинии худ истода, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд, аз онҳо пуштибонӣ кунанд, ба онҳо ёрӣ расонанд ва ба хотири бародарӣ дар Ислом ва пайванди имонӣ, бо ҳар сабаб ва василае, ки имкон дорад, барои аз байн бурдани зулм аз онҳо талош кунанд.
Аллоҳ таъоло фармудааст:

إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ

سورة الحجرات: ١٠

«Ҳаройна, мӯъминон бародари якдигаранд».   (Сураи Ҳуҷурот: 10).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَالْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاء بَعْضٍ

سورة التوبة: ٧١

«Мардону занони мӯъмин дӯстони якдигаранд».   (Сураи Тавба: 71).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Мӯъмин барои мӯъмин ба монанди сохтмоне аст, ки қисмате аз он қисмати дигареро маҳкам месозад». Паёмбар (барои баён намудани ҳолати он) ангуштони худро дарҳам панҷа зад.   (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Ҳамчунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Мӯъминон дар дӯстӣ ва тараҳҳуму меҳрубонӣ бар якдигар чун аъзои пайкаранд, ки агар узве аз он ба дард ояд, дигар узвҳо ҳам дар бехобиву таби он ширкат мекунанд».   (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Мусулмон бародари мусулмон аст, ба ӯ зулм намекунад, ӯро хор намесозад, ӯро (ба душман ё золим) таслим намекунад ва ӯро таҳқир намекунад».   (Ривояти Муслим).

Дастгирӣ чизҳои зиёдеро ба қадри имкон ва бо назардошти шароит дар бар мегирад, хоҳ моддӣ бошад ва хоҳ маънавӣ. Хоҳ аз ҷониби тамоми мусалмонон бо пулу ғизо, доруву либос ва ғайра бошад ва ё аз ҷониби кишварҳои арабӣ ва исломӣ бо осон намудани дастрасии кӯмакҳо ба онҳо, мавқеъи самимӣ нисбат ба онҳо ва пуштибонӣ аз аҳдофу қазияҳои онҳо дар ҳамоишҳо, анҷуманҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ ва мардумӣ.

Ҳамаи инҳо аз ҷумлаи ҳамкорӣ дар некӯкориву парҳезгорӣ аст, ки дар сухани зерини Аллоҳ таъоло ба он амр шудаем:

وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى

سورة المائدة: ٢

«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед».   (Сураи Моида: 2).

Аз ҷумла, насиҳат намудан ба онҳо ва роҳнамоии онҳо ба он чизе, ки барояшон хайру нек аст. Яке аз бузургтарин кӯмак ва дастгирии онҳо, ин дуо кардан дар ҳаққи онҳо дар тамоми вақтҳост, то мусибату ранҷҳояшон аз байн биравад, мушкилиҳояшон поён ёбад, аҳволашон беҳбуд шавад ва гуфтору кирдорашон дуруст гардад.

Илова бар ин, ба бародарони мусалмони худ дар Фаластин тавсия медиҳем, ки аз Аллоҳ таъоло битарсанд ва ба сӯи Ӯ бозгарданд ва инчунин ба онҳо тавсия медиҳем, ки бар роҳи ҳақ муттаҳид шаванд ва аз тафриқаву низоъ даст кашанд ва фурсате ба душман надиҳанд, ки аз он сӯистифода кунад, зеро онҳо аз ин фурсат истифода бурда, боз ҳам бештар зулм ва иҳонат хоҳанд кард.

Мо бародаронамонро тарғибу ташвиқ менамоем, ки барои боздоштани таҷовуз дар сарзамини худ сабабҳоро бо ихлос дар амалҳояшон ба Аллоҳ таъоло, талаби розигии Ӯ, ёриҷӯӣ бо сабру намоз ва машварат бо донишмандону хирадмандон ва ҳакимон дар тамоми корҳояшон анҷом бидиҳанд, зеро ин нишонаи муваффақият ва ҳидоят ба роҳи рост аст.

Мо ҳамчунин аз хирадмандони ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоем, ки ба ин фоҷиа бо ақлу инсоф нигаранд, то ҳуқуқи мардуми Фаластин таъмин карда шавад ва зулму ситам хотима ёбад, то зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳамзамон, мо ба ҳамаи кишварҳо ва шахсони алоҳидае, ки дар дастгирӣ ва кӯмаки онҳо саҳм гузоштаанд, ташаккур мегӯем.

Аллоҳ таъолоро бо номҳои зебо ва сифатҳои волояш дуо мекунем, ки ғаму андӯҳи ин умматро дур созад, динашро ғолиб гардонад, калимаашро баланд бардорад, ба дӯстонаш ёрӣ диҳад, душманонашро хор созад, макру дасисаҳояшонро бар зидди худашон қарор бидиҳад ва мусулмононро аз шарри онҳо нигаҳ дорад. Ӯ валӣ ва қодиру тавоно бар он аст.

Дуруду паёми Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ ва ба касоне, ки то рӯзи қиёмат аз онон ба некӣ пайравӣ мекунанд.

Ҷаноби муфтии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
Раиси Шӯрои Олии уламо
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Муҳаммад Оли Шайх
Аъзои Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто