Ҳукми омӯзиши иқтисодиёти рибавӣ

1

Савол 128340

Ҳукми омӯзиши иқтисодиёти рибавӣ чист? Ҳамчунин, кор кардан дар бонкҳои рибавӣ чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Омӯзиши иқтисодиёти рибавӣ, агар ҳадаф аз он шинохти муомилоти рибавӣ ва баёни ҳукми Аллоҳ дар бораи онҳо бошад, боке надорад. Аммо агар ин омӯзиш бо ҳадафи дигар бошад, ҷоиз нест. Ҳамчунин, кор кардан дар бонкҳои рибавӣ ҷоиз нест, зеро ин амал кӯмак ба гуноҳу таҷовуз ба шумор меравад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَٱتَّقُواْ ٱللهَ إِنَّ ٱللهَ شَدِيدُ ٱلعِقَابِ

سورة المائدة: ٢

«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина Аллоҳ сахткайфар аст».   (Сураи Моида: 2).

Поёни сухан аз китоби "Маҷмуъу фатово"-и Ибни Боз (24/39).

Сарчашма

Корҳову касбҳои мамнӯъ ва ҳаром кардашуда
Рибо

Сарчашма: 

Ислом савол ва ҷавоб

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play