Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Рӯза нагирифтан ба сабаби кор ҷоиз нест

Савол

Ман аз оилае мебошам, ки даромади он оила миёна аст. Ман дар таътил ба кори хеле душвор машғул мешавам, то барои таъмини хароҷоти хонаводаам кумак кунам. Вақти кори ман ба рӯзаи Рамазон рост меояд ва ман наметавонам ҳам кор кунам ва ҳам рӯза бигирам. Оё бароям ҷоиз аст, ки дар ғайри Рамазон рӯза бигирам, то кори худро идома бидиҳам? Ба мо бифаҳмонед, Аллоҳ бароятон подош бидиҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Бар мӯъмин воҷиб аст, ки ҳар гоҳ Рамазон биёяд, дар Рамазон рӯза бигирад. Агар корҳои душвор бошад, онро ба хотири рӯза сабук кунад. Метавонад дар вақти муносиб, дар аввали рӯз кор бикунад ва сипас корҳои душворро тарк намояд, то рӯзаашро ба итмом расонад. Аллоҳ таъоло он рӯзаро фарз ва рукне аз рукнҳои панҷгонаи Ислом қарор додааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ислом бар панҷ чиз бино шудааст: Шаҳодат додан бар ин ки ҳеҷ маъбуде (бар ҳақ) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва ин ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст ва барпо доштани намоз ва додани закот ва рӯзаи Рамазон ва ҳаҷҷи хона (Каъба), касе, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошад».

Рӯзаи ин моҳ бар ҳар мусулмонмарду мусулмонзан воҷиб аст. Ва бояд аз ҳар чизе, ки монеи он аст, ҳазар карда шавад. Кор тамом намешавад ва барои кор вақти зиёд вуҷуд дорад. Мӯъмин метавонад дар шаб ва ё дар аввали рӯз корашро анҷом бидиҳад, то дар нимаи рӯз кор ба ӯ вазнинӣ накунад.

Мақсад ин аст, ки шумо бояд сабаберо анҷом бидиҳед, ки дар ҷамъ намудани ин ду чиз, яъне рӯза ва кор кӯмак кунад, ба тавре, ки зараре ба шумо нарасад. Ин чиз бар шумо воҷиб аст, аммо рӯза надоштан бароятон ҷоиз нест". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

"Фатово нурун ала-д-дарб" (3/1233).

Сарчашма: "Фатово"-и Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) - "Фатово нурун ала-д-дарб"