Сешанбе 18 Ҷумода-л-уло 1446 - 19 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми бартараф кардани мӯйҳои бадан

13247

Таърихи нашр : 19-09-2024

Мушоҳидаҳо : 1344

Савол

Бартараф кардани мӯйҳои бадани зан чӣ ҳукм дорад? Агар ин амал ҷоиз бошад, ба кӣ иҷозат аст, ки ин корро бикунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин кор (яъне бартараф намудани мӯйҳои бадан) барои зан ҷоиз аст, магар мӯи абрӯ ва сар. Барои ӯ ҷоиз нест, ки мӯйҳои он ду (яъне мӯйҳои абрӯ ва сар) ва ё қисмате аз он дуро бартараф намояд. Ин корро худаш ё шавҳараш анҷом медиҳад ва ё яке аз маҳрамонаш ҷойҳое, ки дидани он барояш ҷоиз аст, метавонад онро барояш анҷом бидиҳад. Ҳамчунин зани дигаре ҷойҳое, ки дидани он барояш ҷоиз аст, метавонад онро барояш анҷом бидиҳад.

Сарчашма: Кумитаи доимӣ оид ба фатводиҳӣ дар "Ал-Фатово-л-ҷомиъату ли-л-маръати-л-муслима" ҷилди 3, саҳифаи 877