Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Агар модар фарзандонашро бо зикрҳои шаръӣ ва оятҳои Қуръон бихобонад, ҳукми он чист?

132980

Таърихи нашр : 01-07-2020

Мушоҳидаҳо : 1664

Савол

Баъзе аз модарон номҳои Аллоҳ, мисли "Аллоҳу акбар" ва "Ло илоҳа иллаллоҳ"-ро дар хобонидани кӯдаконашон истифода мебаранд. Ҳукми он чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар матни савол "Ҳукми истифодаи он чи, ки дар он зикри Аллоҳ таъоло вуҷуд дорад, дар хобонидани кӯдакон" мешуд, савол дурусттар мешуд. Зеро "Аллоҳу акбар" ва "Ло илоҳа иллаллоҳ" аз номҳои зебои Аллоҳ намебошанд.

Оне, ки бароямон зоҳир мешавад, ин аст ки барои модар ҳеҷ монеияте нест, ки Қуръон бихонад, ё "Субҳоналлоҳ" ё "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяду, кӯдакашро ҷунбонида бихобонад. Ин амал бо якчанд умур ҷоиз аст. Аз ҷумла:

1. Машғулият бо зикри Аллоҳ ва онро бо овози баланд хондан, барои модар беҳтар аст, агар зикрро бо нияти талаби савоб бихонад. Ин ибодатест, ки бо сабаби он ба Парвардигори худ наздик мешавад. Умедворем, ки ин барои ояндаи кӯдак беҳтар аст. Ин вақтест аз ҳаёти модар, ки онро дар зиёд намудани ҳасаноти худ баҳрабардорӣ мекунад. Дар айни замон, зикр асари хубест барои хобонидани кӯдак, ки онро баҳрабардорӣ мекунад.

2. Зикри Аллоҳ таъоло аз амали бисёре аз модарон беҳтар аст, чунки аксарияти онҳо ҳангоми хобонидани кӯдаконашон суруд мехонанд, ё бо худ сухан мегӯянд.

3. Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадиси саҳеҳе ворид шудааст, ки ӯ дар ҳар ҳоли худ, Аллоҳро зикр мекард.   Ривояти Муслим (373).

4. Зикри Аллоҳ таъоло ва қироъати Қуръон аз умурест, ки анҷом додани он пеш аз хоб барои бузургон машрӯъ аст. Бухорӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ба бархе аз ҳадисҳо чунин боб гузоштааст: "Боби паноҳ бурдан ва қироъат ҳангоми хоб".

Ин масъаларо бо ҳадисҳо ва суханони донишмандон дар ҷавоби саволи (50010) зикр намудаем.

Агар поёни бедории кӯдак бо шунавонидани зикри Аллоҳ бошад, чӣ ҳараҷе вуҷуд дорад?!

5. Ин як намуди руқия аст. Зеро руқия бо номҳову сифатони Аллоҳ таъоло ва оятҳои Қуръон ва дуоҳои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) машрӯъ аст.

Аз ин хотир ҳеҷ монеиятеро намебинем, ки модар Парвардигори худро зикр намояд ва каме овозашро баланд кунад, то кӯдакаш бо ин зикр бихобад. Модаронро ба зарурияти талаби савоб ва ният дар он зикрҳо ёдрас менамоем, то ин ки аҷрҳои он пурра ҳосил шавад, иншоаллоҳ.

   Аллоҳ донотар аст.  

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб