Зеро ҳар касе ки ба ин дин ворид мегардад, рӯи худро ба Аллоҳ месупорад, ба Ӯ комилан таслим мешавад ва ба тамоми он чи аз ҷониби Аллоҳ ва расули Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз аҳком расидааст, бо камоли итоат ва фармонбардорӣ гардан мениҳад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
وَمَن يَرْغَبُ عَن مِّلَّةِ إِبْرَاهِيمَ إِلَّا مَن سَفِهَ نَفْسَهُ وَلَقَدِ اصْطَفَيْنَاهُ فِي الدُّنْيَا وَإِنَّهُ فِي الْآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ ❁ إِذْ قَالَ لَهُ رَبُّهُ أَسْلِمْ قَالَ أَسْلَمْتُ لِرَبِّ الْعَالَمِينَ
سورة البقرة: ١٣٠-١٣١
«Чӣ касе аз оини Иброҳим рӯй барметобад, ҷуз он ки худро бехирад сохта бошад? Ва ба ростӣ, Мо ӯро дар дунё баргузидем ва ӯ дар охират низ аз шоистагон аст. Ва он гоҳ, ки Парвардигораш ба ӯ гуфт: "Таслим шав". Гуфт: "Ба Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам"». (Сураи Бақара: 130-131).
Ҳамчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:
مَنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَلَهُ أَجْرُهُ عِندَ رَبِّهِ
سورة البقرة: ١١٢
«Ҳар кас рӯйи худро холисона ба сӯи Аллоҳ таслим кунад ва некӯкор бошад, пас подоши ӯ назди Парвардигораш аст». (Сураи Бақара: 112).
Аз фатово Кумитаи доимӣ.