Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё ӯ дар истинҷо дасти чап ё як қисмати онро истифода мебарад?

Савол

Пас аз қазои ҳоҷат кадом ангуштонро барои тоза кардани худ истифода барам? Ё дасти чапро бо пуррагӣ истифода барам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Ҳеҷ яке аз шумо набояд ҳангоми пешоб кардан бо дасти росташ олати худро бигирад ва пас аз қазои ҳоҷат набояд (наҷосатро) бо дасти рост пок кунад ва набояд дар зарфе нафас бикашад».   Ривояти Муслим, китоби таҳорат / 392.

Нававӣ гуфтааст: "Набояд дасти ростро дар ҳеҷ яке аз инҳо барои истинҷо (яъне пас аз пешоб ва ё ғоит) истифода барад". Поёни сухан.

Бинобар ин гуфта мешавад, ки бояд инсон дасти чапи худро барои дур кардани наҷосат бо ҳар роҳе, ки бошад, истифода барад, фарқе надорад, ки дасти чапро бо пуррагӣ истифода кунад ва ё қисмате аз онро истифода барад. Мақсад дур кардани наҷосат аз бадан аст. Масъала дар ин маврид васеъ аст. Муҳим ин аст, ки аз истифодаи дасти рост барои тоза кардани наҷосат худдорӣ намояд.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид