Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми шоҳмотбозӣ

14095

Таърихи нашр : 19-06-2020

Мушоҳидаҳо : 2694

Савол

Оё бозии шоҳмот (айни замон машҳур аст) аз рӯи шариат ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Шоҳмот ҳар вақте, ки инсонро аз воҷиботи ботинӣ ё зоҳирӣ машғул созад ба иттифоқи донишмандон ҳаром аст. Масалан, агар бозии он инсонро аз намоз ё воҷиботе, ки ба фоидаи шахс ва хонаводаи ӯ аст, машғул созад, ва ё бозии он инсонро аз амри маъруфу наҳйи мункар, силаи раҳм, некӣ ба падару модар ва ё аз ҳар амале, ки кардани он воҷиб аст, мисли  роҳбариву имоматӣ ва ғайра, машғул созад, ба иҷмоъи донишмандон бозии он ҳаром аст. Ҳамчунин агар ягон амали ҳаромеро дарбар гирад, монанди дуруғ, қасами дуруғин, хиёнат, зулм, кӯмак ба золим ва ё дигар амалҳои ҳаром, бо иҷмоъи мусулмонон бозии он ҳаром аст". Поёни сухан бо каме тағйирот.

Китоби "Маҷмӯу-л-фатово" (32/218, 240).

Аммо агар инсонро аз иҷрои воҷиб машғул насозад ва ё ҳаромеро дарбар нагирад, донишмандон дар ҳукми он ихтилоф намудаанд. Аксари донишмандон (Абуҳанифа, Молик, Аҳмад ва баъзе ёрони Шофеӣ) бозии онро мутлақан ҳаром шуморидаанд ва барои ҳаром будани он аз китоби Аллоҳ (Қуръон) ва аз суханҳои саҳобагон далелҳо овардаанд.

Аммо далелҳо аз Қуръон, ояти зерин аст, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالْأَنصَابُ وَالْأَزْلَامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ . إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُوقِعَ بَيْنَكُمْ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَعَنْ الصَّلَاةِ فَهَلْ أَنْتُمْ مُنتَهُونَ

  المائدة/90-91 .

"Эй касоне, ки имон овардаед! Хамру қимору бутҳо ва азлом (як навъ қуръапартоӣ), палид ва аз амали шайтон аст, пас аз онҳо дурӣ ҷӯед, то растагор шавед. Шайтон мехоҳад ба василаи хамру қимор, дар байни шумо адовату кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ ва аз намоз боздорад, пас оё шумо худдорӣ мекунед?"   (Сураи Моида: 90-91).

(Азлом - тири бе парест, ки дар даврони ҷоҳилият бар он, ин ҷумларо навишта мекарданд: "Маро Парвардигорам амр кард" ва дар дигаре "Маро Парвардигорам наҳй кард", баъд аз он ҳардуи онро дар дохили ягон зарфе мегузоштанд ва ҳарвақто, ки нияти иҷрои ягон коре мекарданд аз ин зарф мисли қуръа як тирро ихтиёр мекарданд ва мувофиқи навистаҷоти он амал менамуданд).

Имом Қуртубӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:  Ин оят бар ҳаром будани бозии нард ва шоҳмот далолат мекунад, хоҳ қимор бошад, хоҳ на, зеро Аллоҳ таъоло чун хамр (нӯшокиҳои масткунанда)-ро ҳаром гардонид, маънои дар он бударо хабар дода гуфт:

  إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُوقِعَ بَيْنَكُمْ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَعَنْ الصَّلَاةِ 

"Шайтон мехоҳад ба василаи хамру қимор, дар байни шумо адовату кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ ва аз намоз боздорад".   (Сураи Моида: 91).

Пас ҳар як бозие, ки андакаш ба зиёдшавиаш сабаб шавад ва душманиву кинаро байни бозингарон барангезад ва аз зикри Аллоҳ ва аз намоз боздорад, пас он монанди шаробнӯшӣ буда воҷиб аст, ки мисли он ҳаром бошад. Поёни сухан.

Китоби "Ал-Ҷомиъ лиаҳками-л-қуръан" (6/291).

Далелҳо аз суханони Саҳобагон:

Аз Алӣ ибни Абутолиб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки ӯ аз назди қавме мегузашт, ки онҳо шоҳмотбозӣ мекарданд, пас ба онҳо гуфт: Ин ҳайкалҳо чист, ки шумо ба парастиши онҳо истодаед?

Имом Аҳмад (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Дар бобати шоҳмот саҳеҳтарин ривоят, сухани Алӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) мебошад. Поёни сухан.

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ҳукми шоҳмотро пурсиданд, дар ҷавоб гуфт: Шоҳмот аз нард бадтар аст.

Нард ё нардшер бозиест, ки дар замони мо машҳур шудааст, ки бо мӯҳра дар болои миз бозӣ мекунанд, дар бобати ҳаром будани ин бозӣ якчанд ҳадис омадааст.

Абудовуд (4937) аз Абумусои Ашъарӣ ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Шахсе ки нардбозӣ мекунад, дар ҳақиқат Аллоҳу расулашро саркашӣ кардааст".   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу Абидовуд" (4129) саҳеҳ шуморидааст.

Муслим (2260) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Шахсе, ки нардбозӣ мекунад, гуё ки дастони худро бо гушт ва хуни хук ранг кардааст".

Имом Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Ин ҳадис далели Шофеӣ ва ҷумҳури донишмандон бар ҳаром будани нардбозӣ мебошад. Маънои "дастони худро бо гӯшт ва хуни хук ранг кардааст" яъне, ки дар ҳоли хурдани гӯшт ва хуни хук дастонаш олуда шудаанд. Инҷо ҳаром будани нардбозиро бо ҳаром будани хӯрдани гушт ва хуни хук монанд кардааст. Поёни сухан.

Суханони баъзе аз донишмандон дар бобати ҳаром будани шоҳмот:

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Аммо шоҳмот дар ҳаром будан монанди нард аст. Поёни сухан.

"Ал-муғнӣ" (14/155).

Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Фасодии шоҳмот аз фасодии нард бузургтар аст, пас ҳар он чизе, ки бар ҳаромии нард далолат мекунад ба таври авло бар ҳаром будани шоҳмот низ далолат мекунад. Ин нуқтаи назари Молик ва ёронаш, Абуҳанифа ва ёронаш, Аҳмад ва ёронаш ва сухани аксари тобеъин мебошад. Ягон саҳобае онро ҳалол нашуморидааст ва бо он бозӣ накардааст. Аллоҳ таъоло ононро аз ин бозӣ нигоҳ дошт ва ҳар он чизе, ки ба яке аз онон нисбат дода шудааст, ки гуё бозӣ карда бошад, ба монанди Абуҳурайра, ин сухан дуруғ ва бӯҳтон дар ҳаққи саҳоба буда, ҳар шахсе, ки аз ҳоли саҳобагон ва аз асарҳои ниёгон бохабар аст ин суханро инкор мекунад. Чигуна беҳтарин аср ва беҳтарин халқ баъди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), бозӣ кардани чизеро, ки боздории он аз ёди Аллоҳ ва намоз, аз боздории шароб бузургтар аст, иҷозат медиҳанд, агар бозингар ба он дода шавад, (боздории он аз ёди Аллоҳ ва намоз, аз боздории шароб бузургтар аст), воқеъият баёнгари ин гуфтаҳост. Аз ин лиҳоз, чигуна шариат нардро ҳаром мегардонидаасту шоҳмотро, ки фасодиаш чанд маротиба аз фасоди нард зиёдтар аст, раво гардонад". Поёни сухан.  

Китоби "Ал-фурусияҳ" (303, 305, 311). 

Заҳабӣ гуфтааст: "Аммо шоҳмот бошад, аксари аҳли илм бозӣ кардани онро ҳаром шуморидаанд, хоҳ бо гарав бошад, хоҳ  бидуни он. Агар бо гарав бошад, бидуни ихтилоф қимор ба шумор меравад ва аммо бидуни гарав бошад, пас он низ дар назди аксари аҳли илм қимор ба шумор меравад . . . Аз Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)  пурсиданд, ки оё шоҳмот ҳаром ё ҷоиз аст? Раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод, чунин ҷавоб додааст: Агар бо он бозӣ намуда намозро аз вақташ гузаронад, ё ки бо мол бозӣ кунад, ҳаром аст. Аз назари Шофеӣ бошад, макруҳ аст, аммо дар назди дигарон бозии он ҳаром мебошад". Поёни сухан.    

Китоби "Ал-кабоир" (89-90).

Барои маълумоти бештар ба китоби "Таҳриму-н-нарди ва-ш-шатранҷи ва-л-малоҳӣ"-и Оҷуррӣ, таҳқиқи Муҳаммад Саиди Идрис назар бикунед.

   Аллоҳ таъоло донотар аст.

Аз Аллоҳ таъоло мепурсем, ки моро бар он чизе, ки дӯст медораду розӣ аст, муваффақ гардонад ва моро ба тоату ибодати худаш машғул бисозад.

Дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад бод!

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид