Ҷойгоҳи ният дил мебошад ва ба забон овардани он на дар намоз ҷоиз аст, на дар рӯза ва на дар закот. Ба ҷавоби саволи рақами (13337) муроҷиат шавад.
Шайх Ал-Фавзон (Аллоҳ ӯро ҳифз фармояд) мегӯяд:
а ҷуз дар ду масъала:
Масъалаи аввал:
Ҳангоми даромадан ба эҳром барои анҷоми маносик (ҳаҷ ё умра) гуфта мешавад: "Лаббайка ъумратан" ё "Лаббайка ҳаҷҷан".
Масъалаи дувум:
Ҳангоми забҳи ҳадй, ё қурбонӣ, ё ақиқа, номи онро ба забон меоранд ва навъи онро муайян мекунанд — оё ақиқа аст ё қурбонӣ ё нусук — ва ҳамчунин баён менамоянд, ки аз ҷониби кӣ анҷом дода мешавад. Пас гуфта мешавад: "Ба номи Аллоҳ, аз ҷониби фалонӣ" ё "Ба номи Аллоҳ, аз ҷониби ман ва аҳли хонадонaм", сипас онро забҳ мекунанд.
Дар ҳамин ду масъала ба забон овардани ният ворид шудааст; аммо ғайр аз ин ду масъала, ба забон овардани ният дар ҳеҷ як аз ибодатҳо — на дар намоз ва на дар ғайри он — ҷоиз нест.
Поёни сухан аз китоби "Ал-Мунтақо мин фатово"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон (5/30).
Бинобар ин, ҳар касе ки қасди адои закоти моли худро дорад, бояд дар дил ният кунад, ки ин мол закоти моли ӯст ва ба забон овардани ният барояш машрӯъ нест.
Аллоҳ донотар аст.