Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Фазилати касе, ки "Ло илоҳа иллаллоҳ" мегӯяд

14608

Таърихи нашр : 05-01-2021

Мушоҳидаҳо : 3481

Савол

Подоши касе ки дар рӯз сад маротиба "Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин қадир" (Ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳи ягона нест, Ӯ шарике надорад. Мулку ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба ҳамаи чиз тавоност) мегӯяд, чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

Касе ки дар рӯз сад маротиба бигӯяд:

لا إلهَ إلاَّ الله وحْدهُ لاَ شَرِيكَ لهُ، لَهُ المُلْكُ، ولَهُ الحمْدُ، وَهُو عَلَى كُلِّ شَيءٍ قَدِيرٌ

"Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин қадир".

(Ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳи ягона нест, Ӯ шарике надорад. Мулку ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба ҳамаи чиз тавоност).

Ба ӯ ба андозаи озод сохтани даҳ ғулом савоб дода мешавад ва инчунин сад ҳасанот барояш навишта мешавад ва сад гуноҳ аз гуноҳонаш пок мегардад ва он рӯз то бегоҳ аз шайтон ҳифз карда мешавад. Ва ҳеҷ касе (дар рӯзи қиёмат) амале беҳтар аз он намеоварад, магар касе, ки амали бештаре анҷом дода бошад.

Касе дар рӯз сад маротиба бигӯяд:

سُبْحَانَ اللهِ وَبِحَمْدِهِ

"Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи".

(Аллоҳ пок аст ва Ӯро ситоиш мекунам ва Аллоҳи бузург пок аст).

Гуноҳонаш бахшида мешаванд, агарчи ба андозаи кафки дарё бошанд.   Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Сарчашма: Китоби "Азкору-л-явми ва-л-лайлати мина-л-қуръони ва саҳиҳи-с-сунна" саҳ: 18